Фаъолияти дипломатии сафири Ҷопон дар Тоҷикистон анҷом ёфт: Муҳриддин бо ӯ хайрухуш кард

© Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷСироҷиддин Муҳриддин ва Такаюкӣ Мияшита
Сироҷиддин Муҳриддин ва Такаюкӣ Мияшита - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Фаъолияти дипломатии Такаюки Мияшита дар Тоҷикистон анҷом ёфт ва вазири умури хориҷӣ бо ӯ вохӯрии охирин доир кард
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУХ.
Ба иттилои манбаъ, фаъолияти дипломатии Такаюки Мияшита дар Тоҷикистон ба анҷом расид ва Сироҷиддин Муҳриддин бо ӯ бори охир мулоқот кард.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопонро дар заминаҳои гуногун баррасӣ намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Василий Серватюк  сафири Украина дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Муҳриддин бо сафири Украина хайрухуш кард
Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш фаъолияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон низ анҷом ёфт.
Муҳриддин дар зимни дидори ахираш бо Серватюк, ки ҳамчунин охирин дидораш ба унвони сафири Украина дар Тоҷикистон бо вазири тоҷик буд, барои фаъолияти пурсамари дипломатияш дар кишвар изҳори сипос намуд.
Василий Серватюк моҳи октябр бо фармони президенти Украина аз вазифаи сафири ин кишвар дар Тоҷикистон сабукдӯш шуд ва омили барканори ӯ то ҳол норӯшан аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала