Касе "шоҳҷоиза" нагирифт: эълони ғолибони "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

© Depositphotos.com \ IrochkaЛежащие на книжной полке открытые книги
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Ғолибони озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" эълон шуданд, аммо ягон нафар сазовори "шоҳҷоиза" дониста нашуд. Барандаҳои ҷойҳои ифтихорӣ бештар аз Душанбе, сипас аз Суғд, баъдан Хатлон ва ниҳоят ВМКБ мебошанд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон кард, ки ғолибони озмун аз рӯи 5 бахш – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср муайян гардиданд. Дар ҳар яке аз ин бахшҳо озмун дар чор гурӯҳ баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар бахши адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ София Ширинова - хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Роғун соҳиби ҷойи якум гардид.
Дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Ҷононаи Зикрулло - донишҷӯи Академияи ВКД соҳиби ҷойи якум шудааст.
Озмун дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо пирӯзии Музаффар Сулаймонов, корманди телевизиони "Баҳористон" анҷом ёфт.
Ҷоизсупорӣ ба иштирокдорони фаъоли озмуни Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, аз ҷумла Холаи Фотима ва Гулнигор Наҷмиддинова (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Ду пешвозгирандаи Раҳмон дар минтақаҳо соҳиби ҷоизаи "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" шуд
Дар бахши адабиёти классикӣ дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ Зайнаб Зиёева, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум дониста шуд.
Дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Соҳиба Иззатова - донишҷӯи курси 3-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи якум шуд.
Аз миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Муҳиба Асоева, китобдори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сазовори ҷойи якум дониста шуд.
Дар бахши адабиёти муосир дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ Гулҷон Наҷмиддинова, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и шаҳри Панҷакент барандаи ҷои аввал шуд. Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Исрофил Маҳмудзода - донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолиб дониста шуд. Миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Муқаддам Абдуллоева, хонашин аз шаҳри Ҳисор соҳиби ҷойи якум гардид.
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Барандаҳои Шоҳҷоиза ва ҷойҳои аввали "Андалеб - 2021" муайян шуданд
Дар бахши адабиёти ҷаҳон дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ Ганҷина Шерализода, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Дилноза Бобомуродова - магистри Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолиб дониста шуданд.
,Аз миёни аспирантону докторантон ва ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ Гулпарӣ Ҳусейнова, муаллими калони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барандаи ҷойи якум шуд. Дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Мулкия Аҳтамзода, китобдори китобхонаи бачагонаи шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум шуд.
Дар номинатсияи эҷоди наср Муртазоалӣ Муродов, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и шаҳри Истаравшан пирӯзиро ба даст овард.
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ба ғолибони ҷойи аввал 35 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 25 ҳазор ва сеюм 20 ҳазор сомонию дипломҳо тақдим шуд.
Раъно Насриддинова, барандаи шоҳҷоизаи озмуни Фурӯғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Раъно Насриддинова бидуни озмун донишҷӯ шуд
Манбаъ дар мавриди "шоҳҷоиза" изҳор дошт, ки 6 нафар – Муқаддам Абдуллоева, Муҳиба Асоева, Исрофил Маҳмудзода, Муртазоалӣ Муродов, Гулҷон Наҷмиддинова ва Софӣ Ширинова барои он талош намуда, донишашон аз рӯйи 5 бахш санҷида шуд. Таъкид шудааст, ки бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи низомномаи озмун ягон нафар аз онҳо ба дарёфти "шоҳҷоиза" муносиб дониста нашуд.
Дар ҷамъбасти озмун муайян гардидааст, ки миёни барандаҳои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм аз ҳама зиёд иштирокдорон аз шаҳри Душанбе мебошанд. Аз ҷумла иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 27, вилояти Суғд 25, вилояти Хатлон 10, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳашт ва ВМКБ соҳиби ҳафт ҷой гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0