Тақдими нишону мукофотпулӣ барои фаъолони озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

© Дафтари матбуоти Вазорати маорифи ТоҷикистонҚадрдонии фаъолони озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"
Қадрдонии фаъолони озмуни Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, иштирокдорону баргузоркунандаҳои фаъоли озмуни ҷумҳуриявии "Озмуни субҳи доноӣ китоб аст" қадрдонӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Вазорати маориф мегӯяд, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон ба 40 иштирокчии фаъоли озмуни ҷумҳуриявӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ тақдим шудааст.
Таъкид шудааст, ки инчунин 21 нафар аз волидони иштирокдорони озмун бо нишони "Маърифатпарвар" қадрдонӣ гардидаанд.
Ба иттилои Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, инчунин роҳбари ин ниҳод дастур додааст, ки ба 10 нафар ширкаткунандаи озмун - пиронсолону ятимон, сарбозон ва камбизоатону шахсони маълул ду ҳазор сомонӣ ба ҳар кадоме тақдим гардад.
Ифтитоҳи мактаби нав ва мулоқоти Раҳмон бо хонандагон дар ноҳияи Айнӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Ғайрат доштааст: таҳсини Раҳмон ба духтари синфи 1, ки ба ӯ шикоят кард - видео
Дар баробари ин мақомдорони маориф ва шаҳру навоҳии кишвар барои саҳми арзанда дар баргузории озмун бо ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Интизор меравад, ғолиб, барандаи ҷоизаи олии озмун давоми рӯз эълон шавад.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" соли сеюм аст, баргузор мешавад, ки сарпарасти он президенти Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои Вазорати маориф, соли равон дар даври якуми озмун, ки дар сатҳи маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид, беш аз 305 ҳазор нафар иштирок кардааст. Дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор шуд, зиёда аз 23 ҳазор нафар ширкат намуда ва дар даври сеюм дар сатҳи вилоятҳо аз 2 ҳазору 981 нафар 510 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала