Тасвиби протокол: Русия 103 бинои низомиро ба Тоҷикистон медиҳад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащий коллективных сил ОДКБ
Военнослужащий коллективных сил ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Русия молу мулкеро, ки пойгоҳи низомии 201-ум дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод дигар истифода намебарад, ба Тоҷикистон медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Маҷлиси намояндагон протоколи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи супоридани амволи ғайриманқули озодгардидаро тасвиб кард. Ин санад миёни ду кишвар моҳи июни соли равон имзо шуда буд.
Бар асоси протокол, дар майдони қариб 40 километри мураббаъ дар шаҳри Кӯлоб ва дар масоҳати 650 километри мураббаъ дар ноҳияи Муъминобод ҳудуди 103 иншооту бинои низомӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад. Қаблан ин замину иншоот аз ҷониби пойгоҳи низомии 201-уми Русия истифода мешуданд. Ин феҳраст хобгоҳҳо, анбор, ҷои нигоҳдории техника ва нуқтаҳои шустушӯиро шомил мешавад.
Учения стран ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Русия размоишҳо дар Осиёи Марказиро афзоиш медиҳад
Соли 2015 Русия нерӯҳояшро аз Кӯлоб ба минтақаи Лоҳур, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, кӯчонд.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.
Тибқи шартномаи ба имзо расидаи миёни Тоҷикистону Русия, пойгоҳи мазкур то соли 2042 дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала