Тоҷикистон иҷозати Ҳаҷҷи Умраро гирифт

© REUTERS / Saudi Ministry of MediaПаломники на расстоянии во время Хаджа в Мекке
Паломники на расстоянии во время Хаджа в Мекке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозати Ҳаҷҷи Умра дод
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тоҷикистон расман иҷозати Ҳаҷҷи Умраро гирифт. Ин кишвар ба шарти доштани ваксина алайҳи бемории коронавирус ба зоирони тоҷик иҷозати ба ҷо овардани ҳаҷро додааст.
Вале дар худи Тоҷикистон ҳоло тасмими ба ҳаҷ сафар кардани зоирон гирифта нашудааст ва ҳама интизори иҷозати расмии Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус дар кишвар ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол аз Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки феълан ситоди мазкур ягон тасмим нагирифтааст.

"Сарфи назар аз ин ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони ваксинашудаи мо иҷоза медиҳад, аммо мунтазири иҷозаи ситоди ҷумҳуриявӣ ҳастем. Ҳоло корҳои омодагӣ барои фиристодани шаҳрвандон ҷараён дорад, вале мунтазири иҷозаи ниҳоии ситодем", - гуфт Афшин Муқим сухангӯи Кумитаи дин.

Ёдовар мешавем, аз ҷониби Арабистони Саудӣ вуруд ба ин кишвар бо назардошти як қатор шартҳо мамнуъ шуда буд.
Ҳамин тавр мақомоти Арабистони Саудӣ ба хориҷиёне, ки зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, иҷоза медиҳанд, ки ба ин кишвар сафар кунанд. Ҳамзамон ваксинаҳои алайҳи коронавирус бояд аз ҷониби Ҳукумати Арабистони Саудӣ тасдиқ шуда бошанд.
Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Абдулқодирзода гуфт, имсол рафтан ба Ҳаҷ фарз нест
Ба ин рӯйхат "Pfizer", "AstraZeneca", "Moderna", "Johnson & Johnson", "Sinopharm" ва "Sinovac" дохил мешаванд.
Аз оғози соли 2022 Арабистони Саудӣ ҳамчунин "Спутник V"-и Русияро ба рӯйхати ваксинҳои тасдиқшуда ворид мекунад.
Ҳамин тариқ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ин ваксинаҳо алайҳи коронавирус моякӯбӣ шудаанд, метавонанд ба Макка бираванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала