Тоҷикистон панҷ шеваи танзими давлатии савдои хориҷиро муқаррар кард

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкГрузовик, архивное фото
Грузовик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Тағйирот ба Қонун "Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ" панҷ шеваи танзими давлатии ин соҳаро муқаррар карду ба воридкунандагону содиркунандагон ҳаққи шикоят аз қарорҳоро дод
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Ғиёсиддин Ашӯрзода, вакили парлумони Тоҷикистон шеваҳои танзими давлатии савдои хориҷиро тавзеҳ дод, ки дар қонуни ахиран қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон муқаррар шудаанд.
Ба навиштаи нашрияи парлумонии "Садои мардум", Ашӯрзода дар феҳрасти ин панҷ усул аз танзими таъруфа, гумрукӣ ва ғайритарифиро ёдовар шуд.
Вакил таъкид намудааст, ки ин феҳраст инчунин метавонад мамнӯият дар савдои хориҷиро низ фаро гирад. Ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо нисбат ба навъҳои алоҳидаи мол ва хидматрасонӣ аз шеваҳои дигари танзими давлатии савдои хориҷӣ арзёбӣ гардидаанд.
Контейнеры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Тоҷикистон наздик ба 100 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифт
Ашӯрзода инчунин афзуд, ки бар асоси иловаи қисми 4 ба моддаи 24-и қонун "Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ", аз қарорҳо дар мавриди маҳдудиятҳо метавон ба додгоҳ шикоят кард.

"Аз болои қарор дар бораи рад кардани додани иҷозат барои воридот, содирот ё транзити мол ба мақоми болоӣ ё суд шикоят овардан мумкин аст", - иқтибос овард вакил аз қонун.

Маврид ба зикр аст, ки бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли равон воридоти коло ба ҷумҳурӣ 3,7 миллиард долларро ташкил додааст. Ба ин тартиб Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта ба маблағи 898,7 миллион доллар ё 32% бештар маҳсулот ворид кардаст.
Ҳамзамон дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба маблағи тақрибан 1,8 миллиард доллар маҳсулот содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 36,4 фоиз ё 481,5 миллион доллар зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0