Вокуниши толибон ба маълумоти СММ: Дар Афғонистон ҳоло касе аз гуруснагӣ намурдааст

© AFP 2021 / Noorullah ShirzadaАфганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад
Афганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд, феълан дар Афғонистон 22,8 миллион нафар ба норасоии ғизо рӯ ба рӯ буда, 8,7 миллион нафар аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Толибон ба додаҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи фақр дар Афғонистон вокуниш нишон додаанд.
Муовини раиси ҳукумати толибон Абдусалом Ҳанафӣ маълумот дар бораи шумораи шаҳрвандоне, ки аз гуруснагӣ азоб мекашанд, рад намуд.
Авоили ҳафтаи равон мудири Созмони Ҷаҳонии Озуқа дар Афғонистон Мэри-Эллен Макгроарти гуфт, тибқи маълумоти СММ, дар ҳоли ҳозир 22,8 миллион афғонистонӣ аз норасоии ғизо азоб мекашад. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки дар ин кишвар 8,7 миллион нафар дар ҳолати гуруснагӣ ба сар мебарад.
Дар ҳамин ҳол намояндаи толибон изҳор доштааст, ки ба арқоми Созмони Ҷаҳонии Озуқа розӣ нест.

"Ба додаҳои ин созмон на мо ва на ягон шаҳрванди Афғонистон розӣ нест. Ҳоло аз гуруснагӣ ҳеҷ кас дар Афғонистон нафавтидааст", - афзуд Ҳанафӣ.

Муовини раиси ҳукумат иқрор шуд, ки дар Афғонистон ба далели ҷангу хушксолӣ шаҳрвандон дар фақр ба сар мебаранд. Ҳанафӣ афзуд, "ба гумон аст, ки онҳо (шаҳрвандони Афғонистон) аз гуруснагӣ бимиранд ва ҳеҷ далеле барои нигаронӣ вуҷуд надорад".
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Ҳушдори Патрушев аз гуруснагӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон
Қаблан Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, беш аз як миллион кӯдак дар Афғонистон бо хатари марг рӯ ба рӯст.
Ин созмон ҳамчунин меафзояд, ба беш аз се миллион кӯдаки дигар дар Афғонистон хатари камғизоӣ таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид аз раҳбарони ҷаҳон даъват кардааст, ки ба вазъи ногувори кӯдакони афғонистонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир ва дар амри ҷилавгирӣ аз буҳрони башарӣ дар Афғонистон кумак кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала