Мансабфурӯшӣ дар пойтахт: Зани 47 - сола барои соҳиби вазифа шудан 187 ҳазор сомонӣ дод

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Корафтода ин миқдор маблағро ба дасти зане додааст, ки қаблан бо ҷурмӣ содир кардани ҷинояти қаллобӣ ҷазо дода шуд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Кормандони милитсия аз қаллобии як сокини Душанбе хабар додаанд, ки дар қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳоии дохилӣ хабар медиҳад, ки ба шӯъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Фирдавсӣ як зани 47 - сола, сокини ноҳияи Лахш бо ариза шикоят намудааст.
Ба изҳори муроҷиаткунанда, ӯро як зани 56 - сола, сокини шаҳри Душанбе фиреб додааст.
"Ба сокини ноҳияи Лахш ваъда додааст, ки ба ӯ ягон вазифаи роҳбарикунанда медиҳад. Бар ин ивази ваъдаи мансабдиҳӣ ах муроҷиаткунанда 187 ҳазор сомонӣ гирифтааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, аз маслиҳату пулгирии ин зан расо 5 моҳ сипарӣ шуд, вале зани 47 - сола на соҳиби курсӣ ва на маблағи додагияшро бозпас гирифт. Ин зан қаблан низ бо моддаи 247 -и Кодекси ҷиноӣ суд шудааст.
Деньги в кредит, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Таҳқиқи ду ҳолати қаллобӣ дар Душанбе
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, оид ба ҳолати мазкур тайфтишот идома дорад.
То нашр шудани ин матлаб назари муттаҳам дар ин қазия норӯшан аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала