Фадеев роҳи ҳамгироии муҳоҷирон бо ҷомеаи Русияро гуфт

© Sputnik / Нина ЗотинаСоветник президента РФ, председатель Совета при Президенте РФ по развитию гражданского общества и правам человека Валерий Фадеев
Советник президента РФ, председатель Совета при Президенте РФ по развитию гражданского общества и правам человека Валерий Фадеев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Федератсияи Русия Валерий Фадеев гуфт, барои ҳамгироии муҳоҷирон сатҳи дониши забони русии онҳоро беҳтар кардан лозим аст
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Валерий Фадеев, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия дар бораи ҳамгироии дурусти муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия суҳбат кард, менависад "Известия".

"Вазифаи асосӣ ҳамгироӣ (муҳоҷирон - ред.) ба муҳити иҷтимоии Русия аст. Бояд бигӯям, ки ин на ҳамеша рух медиҳад", - гуфт Фадеев.

Ба гуфтаи ӯ, бояд ба таҳсили муҳоҷирон ва бахусус ба масъалаи омӯзиши забони русӣ барои фарзандони хориҷие, ки ба ин кишвар меоянд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.
"Кӯдакон бояд забони русиро такмил диҳанд, яъне мо ба курсҳои махсуси омӯзиши забони русӣ ниёз дорем, дар мактабҳое, ки фарзандони муҳоҷирон зиёданд, ба мо усулҳои махсуси таълим лозиманд", - гуфт раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия.
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Вазорат макони маъмули муҳоҷирати тоҷиконро ном бурд
Вай таъкид кард, Вазорати маорифи Федератсияи Русия бояд ба ин масъала ҷиддӣ машғул шавад, аммо то ҳол чунин усулҳо таҳия нашудааст.
Валерий Фадеев барои беҳбуди ин лаҳзаи тарбиявӣ пешниҳод кард, ки бо омӯзгорон, директорони мактабҳое, ки дар онҳо фарзандони муҳоҷирон зиёданд, тамос бигиранд.
"Онҳо таҷрибаи худро доранд. Мо бояд ин таҷрибаро қабул, паҳн ва ба низом оварем. Ба назари ман, ин як вазифаи хеле муҳим аст", — гуфт раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Федератсияи Русия дар мусоҳиба бо нашрия.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала