Фавти шаш нафар ва хисороти 46,2 миллион сомонӣ дар Мастчоҳ: пайомади ҳолатҳои фавқулодда

© КҲФБартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Обуна шудан
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи гражданӣ омори сабти ҳолатҳои изтирорӣ ва хисороти расида аз ин ҳисоб дар ноҳияи Мастчоҳро расонаӣ карданд
ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Ба иттилои Ҷамшед Кӯчаков, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Мастчоҳ, дар ин ноҳия аз оғози сол то имрӯз 30 ҳолати изтирорӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ин мақомдори Мастчоҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бар асари ин ҳодисаҳо шаш тан ҳалок шуда ва хисороти молии зиёде ҳам сабт шудааст.
“Дар ин давра аз 30 ҳолати фавқулоддаи бақайдгирифташуда 16 ҳолат сӯхтор, нуҳ садамаи роҳу нақлиёт, ду мавриди табиӣ - шамолҳои сахт ва се маврид ғарқшавӣ буда, дар натиҷа шаш нафар ба ҳалокат расидааст. Дар пайи рухдоди ин гуна ҳодисаҳо нуҳ нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштааст. Хисороти моддии ин ҳаводис ба 46 млн. 250 ҳазору 800 сомонӣ баробар мебошад”, - гуфт Ҷамшед Кӯчаков.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Раҳмон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ ваъда дод?
Ин масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, сабти омори ҳодисаҳои фавқулодда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шаш ҳолат ва хисороти расида ҳам ҳудуди 38 миллион сомонӣ бештар будааст.
Соли гузашта, дар умум, дар пайи рух додани 24 ҳолати фавқулодда дар ноҳия ҳашт миллиону 222 ҳазор сомонӣ хисорот ҳисоб шуда буд.
Аз омори мақомот бармеояд, ки хисороти бузург аз ҳисоби оташсӯзии анбори нигоҳдории пахта ба вуҷуд омадааст.
Шаби 24 ба 25 ноябри соли ҷорӣ дар коргоҳи фароварӣ ва нигоҳдории пахта, ки мансуб ба ширкати “Музаффар ва компания” дар Мастчоҳ аст, оташсӯзӣ сар зад ва чандин тонна нахи пахтаро ба хокистар табдил дод.
Ин коргоҳ аз ҳама калонтарин нисбат ба нуҳ коргоҳи дигари мавҷудбудаи пахта дар Мастчоҳ маҳсуб мешуд.
Тақдими хонаҳои навбунёд ба оилаҳои осебдида аз офати табиӣ дар ноҳияи Абдуроҳмони Ҷомӣ аз сӯи масъулини ҳукумати Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Тақдими хонаҳо ба осебдидаҳо аз офати табиӣ дар ноҳияи Ҷомӣ - акс
Бо кӯшиши кормандони идораи сӯхторнишонӣ 400 тонна пахта аз коми оташ наҷод дода шуд.
Дар ин коргоҳ ҳудуди 1300 тонна нахи пахта ва чигит нигаҳдорӣ мешуд ва дар пайи сӯхтор бештар аз 400 тоннаи он ва қисме ҳам аз пунбадона ба коми оташ рафта, ба хокистар мубадал шуд.
Мақомоти идораи сӯхторнишонӣ сабаби ин ҳодисаро амали амдӣ эълон ва ҳаҷми зарари расида аз ин ҳодисаро 46 миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0