Бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон бо бозигаронашон худоҳофизӣ мекунанд: рӯйхат

Футбольный тренер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 ба наздикӣ анҷом ёфт, вале ҷудоӣ бо бозигарон қабл аз ифтитоҳи расмии равзанаи интиқол оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Дар бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон тағйироти бозигарон дар дастаҳо шурӯъ шуд.
Бо вуҷуди он ки мусобиқоти Қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 ба наздикӣ анҷом ёфт ва равзанаи интиқол дар футболи тоҷик то ҳол расман кушода нашудааст, ҷудоӣ бо бозигарон қабл аз имзо ва фурӯши футболбозон оғоз шудааст.
Ҳамин тавр барандаи медали биринҷии Қаҳрамонии Тоҷикистон-2021, ССКА-и пойтахт бо дарвозабони туркман Роҳат Ҷабборов дигар ҳамкорӣ намекунад.
Ба иттилои дафтари матбуотии даста, шартномаи байни дарвозабон ва бошгоҳ ба охир расидааст.
Футболбозон ва ҳайати мураббиёни даста ба Роҳат Ҷабборов дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо таманно намудаанд. Дарвозабон инчунин ба даста ва роҳбарият барои кори муштаракашон изҳори сипос намуда, ба ҳама муваффақият таманно кардааст.
Футболбозони тими Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
"Хуҷанд" барандаи панҷкаратаи Ҷоми Тоҷикистон гашт
Дарвозабони дигари легионер Алексей Матросов аз "Хуҷанд" низ дастаашро тарк кард.
Вай дар мавсими имсола ба даста барои барандаи медали нуқраи қаҳрамонии кишвар шудан ва инчунин гирифтани Ҷоми Тоҷикистон мусоидат намуд.
Дарвозабони эстонӣ дар авоили мавсими имсола ба дастаи "Хуҷанд" пайваст. Пеш аз ин ӯ дар "Нарва Транс" бозӣ мекард. Ӯ дар ду мавсим пеш аз ин аллакай ба дастаи Суғд омада, миёни дӯстдорони футболи маҳаллӣ машҳур шуда буд. Ҳоло бо сабаби ба итмом расидани шартномааш бо "Хуҷанд" дубора ба Эстония бармегардад.
Ахиран нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ва "Хуҷанд" Комрон Турсунов барои идомаи фаъолияташ ба Ҳиндустон рафт. Футболбози хуҷандӣ, ки як мавсимро дар тими Суғд гузаронида буд, тасмим гирифт, ки дубора ба Ҳиндустон равад. Комрон Турсунов бо тими "Раҷастан Юнайтед" шартнома баст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала