Вокуниши Кремл ба ихроҷи дипломатҳои рус аз Олмон

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксЕжегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина
Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Сухангӯи президенти Русия ихроҷи дипломатҳо аз Олмонро як эпизоди нохушоянд номид
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Қарори Олмон дар бораи ихроҷи дипломатҳои Русия як саҳнаи нохушоянд аст, аммо он набояд ба дурнамои барқарор кардани муносибатҳои дуҷониба дар давраи садри аъзами нав - Олаф Шолтс таъсир расонад, гуфт Дмитрий Песков.
Додгоҳи Олии Берлин рӯзи чаҳоршанбе шаҳрванди Русия Вадим Соколов (Красиков)-ро дар куштори шаҳрванди Гурҷистон Зелимхон Хангошвилӣ гунаҳкор донист ва ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Ҳимоятгар дар набудани заминаи далелҳои кофӣ исрор меварзад, аммо қарор дар бораи шикоят ҳанӯз қабул нашудааст.
Здание Совета Федерации Федерального Собрания Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Русия
Талоши Ғарб барои тағйири қудрат дар Русия дар соли 2024
Пас аз эълони ҳукм Вазорати корҳои хориҷии Олмон сафири Русия дар ин кишвар Сергей Нечаевро даъват карда, аз ихроҷи ду дипломати рус хабар дод, гуфт вазири корҳои хориҷӣ Анналена Бербок.
Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор доштанд, Русия иттиҳомоти даст доштани сохторҳои давлатӣ дар куштори Хонгошвилиро қатъан рад мекунад.
"Ин эпизод, ки шумо зикр кардед, ба эҳтимоли зиёд ба эпизодҳои ногувор дар равобити дуҷонибаи мо ишора мекунад, аммо мо бовар дорем, ки ин ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба дурнамои баргузории муколамаи президент Путин ва канслери нав таъсир расонад", - гуфт Песков дар посух ба суоли хабарнигорон, ки пурсиданд, оё Кремл вазъи ихроҷи дипломатҳоро аз нигоҳи рушди равобити дуҷониба манфӣ медонад.
Ба саволе, ки "оё ягон нақшаи бунёди ин муколама вуҷуд дорад?", Песков ҷавоби мусбат дод.
"Албатта, мо умедворем, ки бо мурури замон онҳо ба барқарории чунин тамос шуруъ хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала