Маблағи интиқоли муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон маълум шуд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкБанковские карты международных платежных систем VISA и MasterCard
Банковские карты международных платежных систем VISA и MasterCard - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Обуна шудан
Муҳоҷирони тоҷик дар охири соли 2021 интиқоли маблағ ба Ватани худро кам карданд, вале бо вуҷуди ин онҳо дар байни кишварҳои ИДМ ба сегонаи беҳтарин дохил мешаванд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тибқи маълумоте, ки Бонки марказии Русия нашр кардааст, дар семоҳаи сеюми соли 2021 муҳоҷирони корӣ аз Русия ба кишварҳои хориҷ 7,2 миллиард доллар интиқол додаанд.
Ҳудуди 3,8 миллиард доллар ба кишварҳои ИДМ рафт ва Тоҷикистон аз рӯи теъдоди интиқолҳо ба сегонаи аввал ворид шуд.

"Муҳоҷирони тоҷик ба ҷумҳурӣ ҳудуди 534 миллион доллар фиристодаанд, вале танҳо онҳо буданд, ки то охири соли ҷорӣ интиқоли пулро 1,8% кам карданд", - омадааст дар хабари Бонки марказии Русия.

Ҳамин тариқ пули аз ҳама бештар аз Русия ба Ӯзбекистон (1,6 миллиард доллар), баъдан ба Қирғизистон (619 миллион доллар) ва Тоҷикистон (534 миллион доллар) мунтақил шудааст.
Дар ин рӯйхат Озарбойҷон (281 миллион доллар) ва Арманистон (268 миллион доллар) дар ҷойҳои баъдӣ қарор доранд.
Дар семоҳаи сеюм афзоиши бештари маблағҳои интиқолшуда дар миёни ин панҷ кишвар ба Ӯзбекистон марбут мешавад, ки он 29,5%-ро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, ҳаҷми интиқоли маболиғи шахсони воқеӣ аз Русия ба кишварҳои дигар дар семоҳаи сеюми соли 2021 11,028 миллиард долларро ташкил дод.
Мигрант убирает снег в Москве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Тоҷикистон аз рӯи шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия дар ҷои дувум қарор гирифт
Ин нисбат ба семоҳаи қаблӣ 5% камтар ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 6% зиёд мебошад.
Панҷгонаи аввал, ки бештар аз Русия маблағ ирсол шудааст, инҳоянд:
Швейтсария (1,8 миллиард доллар);
ИМА (698 миллион доллар);
Британияи Кабир (587 миллион доллар);
Олмон (311 миллион доллар);
Туркия (277 миллион доллар);
Аз миёни ин кишварҳо танҳо ҳаҷми интиқол ба Туркия 1% афзоиш ёфтааст. Коҳиши интиқол аз ҳама бештар ба Олмон будааст, ки он 29,7% гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0