Як мақоми дигари Ёдгор Файзовро Алишер Мирзонабот мегирад

© Администрация ГБАОИ.о обязанности председателя ГБАО Алишер Мирзонабот
И.о обязанности председателя ГБАО Алишер Мирзонабот  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Интизор меравад, ба вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ аз вилояти Бадахшон номзадии раиси феълии вилоят Алишер Мирзонабот пешбарӣ шавад
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Узвияти раиси пешини ВМКБ Ёдгор Файзов дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки ахиран аз мақомаш барканор шуд, қатъ мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ.
Қатъи пеш аз муҳлати узвияти Ёдгор Файзов дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муовини раиси ин маҷлис низ буд ва бозхонди ваколати ӯ дар ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумони кишвар баррасӣ гаштааст.
Тасмими бозхонди Файзов аз ин мақом барои тасдиқ ба рӯзномаи иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон пешниҳод шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми рутбадиҳӣ ба Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Падари серфарзанд, генерал, 41-сола, таҳсилдидаи Русия: нашри ҳолномаи раиси нави ВМКБ
Ёдгор Файзови 59-сола якуми октябри соли 2018 ба курсии раҳбари ВМКБ нишаста буд ва ахиран бо фармони президент панҷуми ноябр аз ин мақом рафт, бинобар ин мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, ӯ наметавонад чун узви Маҷлиси миллӣ боқӣ бимонад.
Мақоми раҳбарии ВМКБ-ро Алишер Мирзонабот, ки дар гузашта раиси шаҳри Хоруғ буд, ба дӯш гирифт
Интизор меравад, ба мақомои вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ ва ҳамчунин муовинати раиси ин маҷлис номзадии раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот пешбарӣ шавад.
Ёдрас менамоем, 25 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мекунанд, ҳашт вакили дигар бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала