Нигаронии СММ аз дастгирии нокофии паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон

© REUTERS / Saeed Ali AchakzaiНа пропускном пункте «Ворота дружбы» в пакистано-афганском пограничном городе Чаман
На пропускном пункте «Ворота дружбы» в пакистано-афганском пограничном городе Чаман - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Гузоришгари вижаи Созмони Милал аз Тоҷикистон хостааст, барои паноҳандагон ва паноҳҷӯён шароит фароҳам кунад
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Cиубҳон Малоли, гузоришгари вижаи СММ дар умури қочоқи инсон аз адами кумак ба паноҳандагон аз Афғонистон, Ироқ ва Сурия, ки феълан дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, шадидан изҳори нигаронӣ кард, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
"Муҳим аст, ки ҳукумат (Тоҷикистон) сабти номи паноҳҷӯён ва паноҳандагонро фавран аз сар бигирад ва хатари ҷиддии таъқибот, аз ҷумла нақзи ҳуқуқи башар ва гендериро дарк кунад ва ба принсипи бозпас фиристодан комилан эҳтиром гузорад", - гуфтааст ӯ.

"Онҳо дар хатари марг ва таъқиб қарор доранд", - гуфт Малоли дар брифинге пас аз сафараш ба Тоҷикистон.

Вай таъкид кард, ки чунин амалҳои мақомоти Тоҷикистон нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва нақзи ҳуқуқи башар аст.
Здание ООН в Нью-Йорке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Изҳори нигаронии СММ аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир беш аз 10 000 паноҳандаи афғонистонӣ дар Тоҷикистон қарор доранд.
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин аз Тоҷикистон хост, то барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон ва ҳифозат аз қурбониён, бахусус занони паноҳҷӯёне, ки аз манотиқи даргириҳо фирор мекунанд, иқдомоти бештаре анҷом диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Малоли аз талошҳои ҳукумат дар мубориза бо қочоқи инсон, аз ҷумла тасвиби Қонуни мубориза бо қочоқи инсон ва ҳифзи паноҳандагон ситоиш кард. Ба гуфтаи коршинос, дар ҷиҳати мубориза бо қочоқи инсон барои истисмори шаҳвонӣ, аз ҷумла дар дохили Тоҷикистон кори фаврӣ лозим аст.

"Мо аз қурбониёне, ки аксари вақт барои кор дар хориҷа ба кор гирифта мешаванд ва баъдан барои кори иҷборӣ ва истисмори ҷинсӣ қочоқ мешаванд, ҳикояҳои ташвишовар шунидем. Ҳукумат бояд имконотро барои муҳоҷирати амн бар асоси баробарии гендерӣ таҳия кунад ва тавонмандсозии занонро идома диҳад", - гуфт ӯ.

Ин намояндаи СММ дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо мақомоти давлатӣ, масъулони СММ, намояндагони созмонҳои маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, бахусус онҳое, ки дар ҷилавгирӣ, шиносоӣ ва кумак ба қурбониён машғуланд, мулоқот кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала