Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Русияро "сардтарин зимистон" дар 30 соли ахир интизор аст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксАномальные морозы в Москве
Аномальные морозы в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Ҳавошиносон ба русиягиҳо зимистони сард "ваъда" медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ҳавошиносони аврупоӣ сардтарин зимистонро дар 30 соли охир барои Русия пешгӯӣ карданд.
Коршиносони Маркази ҳавосанҷии аврупоӣ бар ин назаранд, ки дар шароити муайян дар Маскав ҳаво то 50 дараҷа сард мешавад.
Коршиносони аврупоӣ бар ин назаранд, ки зимистони оянда дар Русия ба яке аз шадидтарин зимистонҳои 30 соли охир табдил хоҳад ёфт.
Ҳавошиносон чунин хулосаҳоро бо афзоиши басомади аномалияҳои табиӣ дар рӯи замин алоқаманд мекунанд - онҳо дар тӯли ним асри охир панҷ баробар бештар шудаанд.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Ҳавосанҷон аз фарорасии сармои 30-дараҷаӣ ба Тоҷикистон гуфтанд
Коршиносони иқлим ва обуҳаво мушаххас кардаанд, ки бо гармтар шудани сайёра, падидаҳо ҳамон қадар шадидтар ва харобиовар мешаванд. Сабаби сармои пешгӯишаванда дар хусусиятҳои хоси сиклонҳое, ки ба қаламрави Русия меонд, будааст.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони "Фобос" бар ин назаранд, ки зимистони оянда дар маркази Русия шояд гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ шавад.
Тибқи пешгӯии тахминӣ ҳарорати миёнаи ҳаво дар фасли зимистон аз меъёр беш аз чор дараҷа бештар мешавад.
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Мутахассиси Ожонсии ҳавошиносии Маскав низ гуфтааст, ки дар авоили ҳафтаи оянда ҳарорати ҳаво дар Маскав поин меравад. Сардии ҳаво то -20 дараҷа мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала