Тасмим Қатар дар бораи сохтмони як иншооти варзишӣ дар шаҳри Душанбе

© Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонАҳтам Абдуллозода, муовини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Иброҳим бин Муҳаммад Ал Абдуллоҳ, сафири Қатар дар Душанбе
Аҳтам Абдуллозода, муовини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Иброҳим бин Муҳаммад Ал Абдуллоҳ, сафири Қатар дар Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Тоҷикистону Қатар масъалаи сохтмони як иншооти варзишӣ барои варзиши сабук дар шаҳри Душанбе ва ба роҳ мондани машқҳои дастаҷамъии дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар дар Қатару Тоҷикистон баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ин мавзуҳо дар дар дидори Аҳтам Абдуллозода, муовини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Иброҳим бин Муҳаммад Ал Абдуллоҳ, сафири Қатар дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи олимпии Тоҷикистон дар ин мулоқот тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаи варзиш баҳсу баррасӣ шуд.
Сафири Қатар дар суханоне тайи ин дидор ҳамкории ин кишвару Тоҷикистон дар заминаи варзишро мусбат арзёбӣ кард.
Председатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Тавсифи раиси Кумитаи ҷавонону варзиш аз шароит барои варзишгарон дар Тоҷикистон
Таъкид шудааст, ки дар ин дидор мавзуоте, аз ҷумла сохтмони як маркази варзишӣ дар Душанбе ва баргузории тамриноти муштараки тимҳои миллии ду кишвар дар Қатару Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тарафайн дар бахше аз ин мулоқот ба сохти пойгоҳи варзишӣ барои омӯзиши Варзишкорон дар қаламрави Тоҷикистон ишора карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала