Толибон "саҳван" ба сафорати Афғонистон дар Душанбе маблағи калон гузаронидаанд

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузаштан ба хазинаи аксБанкноты номиналом 1 доллар США.
Банкноты номиналом 1 доллар США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Мақомоти нави Афғонистон ҳудуди наздик ба 800 ҳазор долларро ба суратҳисоби сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон интиқол додаанд. Ин кор саҳван сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ҳукумати толибон ба ҳисоби сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳудуди 785 ҳазору 628 доллар интиқол додааст. Дар ин бора як манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи нақша, маблағи мазкур мебоист барои бунёди мактаб барои муҳоҷирони афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат сарф мешуд.
Ин тасмимро Ашраф Ғанӣ, президенти пешини Афғонистон дар ҷараёни сафараш ба Душанбе дар моҳи марти соли 2021 гирифта буд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Ҳомид Карзай: Толибонро ман ба Кобул даъват кардам
Пас аз ин Ғанӣ ба Вазорати молия дастур додааст, ки барои сохтмони ин мактаб ҳудуди 800 ҳазор доллар ҷудо кунад.
Кобул мебоист пулро ба суратҳисоби сафорати Афғонистон интиқол медод, аммо пас аз рӯйдодҳои моҳи август, ба эҳтимоли зиёд, пул дар суратҳисобҳои Вазорати молия бо нишон додани мухотаб барои интиқол боқӣ мондааст.
Бо вуҷуди сабабҳои номаълум мақомоти нав ин маблағро ба мухотаб интиқол доданд ва дар авохири моҳи ноябр Вазорати хориҷаи ин кишвар ба сафорати Афғонистон дар Душанбе дархост ирсол карда, баргардонидани тамоми маблағро тақозо кардааст.
Аммо намояндагӣ посух додааст, ки наметавонанд пулро ба толибон баргардонанд, зеро на сафорат ва на ҷаҳон ваколати онҳоро эътироф накардаанд. Илова бар ин аллакай барои эҳтиёҷоти сафорат бештари ин маблағ сарф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала