Чормағз бештар ба кӣ фоида дорад, ба мардон ё занон

© pixabay.comОрехи
Орехи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Ғизошиносон мегӯянд, ки микроэлементҳо дар таркиби чормағз метавонанд ба ғадуди сипаршакл таъсири мусбат расонанд, хусусан ҳангоми истеъмоли якҷоя бо хурмо
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Истеъмоли мунтазами чормағз метавонад масуниятро баланд кунад, инчунин таъсири стресс ва фишори асабро коҳиш диҳад. Дар ин бора ғизошинос Олга Кораблева гуфт.
Ба қавли ӯ, дар ин равандҳо мелатонин ҳормоне, ки барои хоб рафтан ва бедор шудани инсон масъул аст, нақши муҳим дорад.
"Дар 100 грамми чормағз 270 нанограмм мелатонин мавҷуд аст", - гуфт Кораблева.
Аз ин рӯ, ба гуфти мутахассис, агар хоби шумо халалдор шавад, метавонед барои хӯроки шом чормағз бихӯред.
Илова бар ин чормағз дорои витаминҳои C ва E мебошад ва онҳо раванди пиршавиро суст мекунанд. Инчунин дар таркиби ин мева равғании зиёд мавҷуд аст, ки хотираро беҳтар мекунад ва тамаркузро зиёд менамояд.
Прилавок с фруктами на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Сурх ё зард: кадом навъи себ муфидтар аст?
Чормағз махсусан барои занон муфид аст, ки нисбат ба мардон бештар ба камхунӣ гирифтор мешаванд.
Гап сари он аст, ки чормағз дорои консентратсияи баланди оҳан ва руҳ мебошад.
Синк барои солимии пӯст, нохунҳо ва мӯй муҳим аст. Синк инчунин ба ғадуди сипаршакл таъсири судманд мерасонад.

"Барои фаъолияти муътадили ғадуди сипаршакл йод лозим аст. Мо метавонем онро аз чормағз, алафҳои баҳрӣ, маҳсулоти баҳрӣ, моҳӣ ва хурмо ба даст орем", - мегӯяд парҳезшинос Ирина Рил.

Илова бар ин, тирозин барои истеҳсоли гормонҳо лозим аст, меафзояд коршинос. Ин кислота дар авокадо, киви, анҷир, зардолу ва банан мавҷуд аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала