Эрон аз идомаи музокирот дар бораи барномаи ҳастаияш хабар дод

CC BY-SA 2.0 / IAEA Imagebank / 02510164Уран, архивное фото
Уран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Вазорати умури хориҷии Эрон аз идомаи музокирот дар мавриди барномаи ҳастаияш иттилоъ нашр кард
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҷаласаи Комиссияи муштарак дар умури барномаи ҳастаии Эрон рӯзи ҷумъа дар шаҳри Вена аз сар гирифта мешавад, хабар додааст Алии Боқирӣ, ноиби вазири умури хориҷии Эрон.
Ӯ навиштааст, дар пайи машварат бо дигар ҳайатҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо барои оғози музокирот созиш намудаанд.

"Мо ба дастовардҳои назаррасе ноил гардидем. Ҷаласаи комиссияи муштаракро баргузор мекунем ва баъди танаффуси чандрӯза музокиротро идома медиҳем", - навиштааст Боқирӣ.

Маврид ба зикр аст, ки охири моҳи ноябри соли равон даври ҳафтуми музокирот дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон оғоз шуда буд, ки мавзуи меҳварии он лағви таҳримоти ИМА алайҳи Теҳрон мебошад. Алӣ Боқирӣ рӯзи сеюми декабр изҳор дошт, ки ҷонибҳо ба пойтахтҳои худ бармегарданд, то дар мавриди лоиҳаҳои пешниҳодкардаи Эрон машварат кунанд.
Музокироти охирон нуҳуми декабр баргузор шуда буд ва ахиран маълум гардид, ки гуфтушунидҳо идома хоҳанд ёфт.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Сиёсати Байден мавқеи Амрикоро дар ҷаҳон заиф кард
Маврид ба зикр аст, ки соли 2015-ум Бритониёи Кабир, Олмон, Чин, Русия, ИМА, Фаронса ва Эрон созишнома дар мавриди барномаи ҳастаӣ имзо карданд. Бар асоси ин тавофуқот, таҳримот бояд лағв мешуданду барномаи ҳастаии Эрон маҳдуд мегардид, то кафолат дода шавад, ки Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт. Моҳи майи соли 2018 Доналд Трамп, раисҷумҳури вақти ИМА яктарафа барои баромадан аз ин созишнома қарор карда, таҳримҳои сангин алайҳи Теҳронро эҳё намуд. Дар посух Эрон изҳор дошт, ки уҳдадориҳои дар доираи ин созиш гирифташаро кам мекунаду аз маҳдудиятҳои таҳқиқоти ҳастаӣ, аз ҷумла дар мавриди ғанигардонии уран даст мекашад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала