Ҳиндустон ба Тоҷикистон ваъдаи кумаки бебозгашт дод

© pixabayДоллары США
Доллары США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Обуна шудан
Созишномаи ду кишвар ҷудо кардани кумаки 1,5-миллиондолларӣ аз ҷониби Ҳиндро пешбинӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳиндустон ва Тоҷикистон як ёддошти тафоҳум барои иҷрои тарҳҳои рушди иҷтимоъиро имзо карданд.
Созишнома ироаи кумакҳои бебозгашт аз ҷониби мақомоти Ҳинд ба Тоҷикистон ва иҷрои тарҳҳои муассири рушди ҷомеаро пешбинӣ мекунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии сафорати ин кишвар дар Душанбе, ин санадро сафири фавқулодда ва мухтори Ҳинд дар Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ ва вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода имзо кардаанд.
Бар асоси ин созишнома, Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳҳоеро барои иҷроиш пешниҳод мекунад, ки қимати онҳо аз 16,94 миллион сомонӣ (ҳудуди 1,5 миллион доллар) зиёд нест.
Встреча с Министром иностранных дел Республики Индия Субрахманиямом Джайшанкаром с Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳиндустон барои интиқоли 192 ҳазор воя ваксина изҳори қаноатмандӣ кард
Лоиҳаҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, тавонмандсозии ҳуқуқи занон ва ҳифзи кӯдакон ихтисос доранд.
Бавижа маблағи ҷудошуда барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар соҳоти маориф, тандурустӣ, омӯзиш, кишоварзӣ ва агросаноат, ирригасияи хурд, энергияи барқароршаванда, энергетика, савдо, нақлиёт ва коммуникатсия тахсис мешавад.
Дар ин дидор ҷонибҳо ҳамчунин тарҳи дигари Ҳинд дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, Ҳиндустон аз деҳаи Чортут то гардиши Айнӣ дар Душанбе шоҳроҳи ҳаштхаттӣ месозад, ки арзиши тахминии лоиҳа 17,54 миллион доллари маблағҳои грантиро ташкил медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 35 дарсади корҳо ба поён расида, 65 фоизи боқимонда бояд то моҳи октябри соли 2022 анҷом дода шаванд.
Лентаи хабарҳо
0