Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

КДАМ Тоҷикистон тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, сардори дидбонгоҳи сарҳадӣ бо мақсади рафъи авҷгирии низоъ бо риояи қонун ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ кард ва издиҳоми хашмгинро аз даргирӣ боздошт
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муноқишаи навбатӣ дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод.
Тибқи гузориши ин ниҳод, 16-уми декабри соли 2021, тахминан соати 16:50 дар қитъаи дидбонгоҳи марзии отряди сарҳадии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, дар деҳаи Сомониён аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон сохтмони ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуд.
Гуфта мешавад, сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ доир намуд.

"Аммо зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯйи онҳо санг партофтанд", - омадааст дар хабарнома.

КДАМ дар ин изҳорот шаҳрвандони Қирғиистонро дар иғвоангезӣ айбдор мекунад.
"Чун ҳолатҳои қаблӣ бо ба роҳ андохтани иғвои навбатӣ шаҳрвандони Қирғизистон ба пеш ҳаракат карданд ва бо ин ба ҳаёт ва саломатии марзбонони тоҷик таҳдид намуданд", - навиштааст КДАМ.
Военнослужащие на дороге недалеко от границы Кыргызстана с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Боз тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар ҳамин ҳол КДАМ афзуда, ки сардори дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон вазъиятро дуруст арзёбӣ намуда, бо мақсади рафъи авҷгирии низоъ, бо риояи қатъии талаботи муқаррарнамудаи қонун ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ кард ва издиҳоми хашмгинро боздошт.
Манбаъ афзуда, намояндагони марзбонии тарафҳо, ки ба ҷойи ҳодиса расидаанд, ба мувофиқа омаданд, то ҳодисаро якҷоя тафтиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала