Эълони маҳдудияти ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд: сабаб ва муҳлат

© Sputnik / Амир ИсаевТоннель Истиклол, архивное фото
Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Ширкати саҳомии "Инновейтив роуд солюшнз" ЛТД дар Тоҷикистон, ки ба нигаҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ муваззаф аст, аз маҳдудияти муваққатии ҳаракат дар ин масир хабар дод.
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Аз 20 декабр ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд маҳдуд хоҳад шуд. Дар ин бора аз ширкати IRS ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

"Аз 20 декабр, аз 9:00 то 13:00 ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд маҳдуд мешавад", - афзуд манбаъ.

Ба иттилои ширкат, ин тасмим дар робита ба оғози корҳои таъмирии дохили нақби "Истиқлол" гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ин маҳдудият тахминан 10 рӯз давом мекунад.
Аз ин ширкат ҳамзамон гуфтанд, ҳоло роҳҳо пурра тоза карда шуда, ҳаракат дар ин масир идома дорад.
Подписание соглашения о тоннеле Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2021
Имзои қарордод байни Эрону Тоҷикистон барои такмили нақби “Истиқлол”
Нақби “Истиқлол” аз бузургтарин нақбҳо дар Тоҷикистон аст, ки бо кумаки молии Эрон бунёд шуда, марказро бо шимоли кишвар мепайвандад.
Нақби "Истиқлол" бо кумаки 31-миллиондолларии Эрон ва 7 миллиону 800 ҳазор доллари Тоҷикистон дар соли 2006 бо талоши ширкати эронии “Собир” бунёд шуд.
Тоҷикистон ва Эрон барои бозсозии ин нақб 11 миллион доллар ихтисос додаанд.
Ин нақб бо тӯли 5 километр дар 80-километрии шимоли шаҳри Душанбе сохта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала