Русия ҳузури Амрикоро дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ қабул надорад

© Sputnik / Александр Имедашвили, STF / Гузаштан ба хазинаи аксСовместные военные учения вооруженных сил Грузии и США "Достойный партнёр"
Совместные военные учения вооруженных сил Грузии и США Достойный партнёр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Русия мехоҳад Иёлоти Муттаҳида кафолат диҳад, ки дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ иншооти низомӣ бунёд нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Русия бар он аст, ки Амрико набояд аз қаламрави кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсадҳои низомӣ истифода намояд.
Дар ин бора дар тарҳи созишнома дар бораи кафолатҳои амниятӣ, ки дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Русия нашр шудааст, навишта шудааст.

“Амрико дар ҳудуди кишварҳое, ки пештар дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд ва узви кишварҳои НАТО нестанд, пойгоҳҳои низомӣ бунёд намекунанд”, — гуфта мешавад дар санади мазкур.

Илова бар ин Иёлоти Муттаҳида набояд аз инфрасохтори кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ барои анҷом додани амалиёти низомӣ истифода кунад.
Ҳамчунин Русия шарт гузоштааст, Амрико набояд ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиро бо ин кишварҳо густариш диҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала