Сармоягузории ду ширкати бузурги Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон

© PixabayГород Стамбул
Город Стамбул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Ширкатҳои “Lik Yapı” ва “Perform Mekanik”-и Туркия тасмим доранд, ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ҳамоиши соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон, ки ахиран дар шаҳри Қуния баргузор шуд, ёддошти ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ширкатҳои “Lik Yapı" (маблағи сармоягузорӣ 2 миллион доллар аст), “Perform Mekanik (бо маблағи 25 миллион доллар) ба имзо расид, иттилоъ додааст Вазорати саноати Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин дар фарҷоми форум Ёддошти тафоҳуми миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Туркия ба имзо расидааст.
Инчунин байни Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд ва Селчук Озтурк, раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Ёддошти тафоҳум имзо шуд.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Фуат Октай,  ноиби раисҷумҳури Туркия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Баррасии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия дар Анкара
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар давраи дуюми форуми мазкур миёни соҳибкорони ҳар ду кишвар гуфтушуниди дуҷониба дар формати B2B - "соҳибкор бо соҳибкор" баргузор гардид.
Дар ин ҳимоиш “дар маҷмуъ даҳҳо ширкатҳои тоҷикӣ имкон доштанд, ба соҳибкорон ва сармоягузорони турк имкониятҳои худро муаррифӣ намоянд ва онҳоро ба бозори Тоҷикистон даъват намоянд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала