Солеҳ: 200 сарбози вижаи Покистон дар Панҷшер ҳузур дорад

© Пресс-служба правительства АфганистанаАмрулло Солех, заместитель президента Афганистана
Амрулло Солех, заместитель президента Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Мансабдори воломақоми ҳукумати собиқи Афғонистон дар бораи ҳузури нерӯҳои вижаи Покистон дар Панҷшер хабар додааст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раиёсатҷумҳурии ин кишвар дар "твиттер"-и худ навиштааст, ки ҳудуди дусад тан аз нерӯҳои вижаи Покистон ба номи “Гурӯҳи хадамоти вижа” дар Панҷшер мавҷуданд.
Ба гуфтаи вай, онҳо толибҳоро омӯзиш дода ва дар шикори муқовиматгарон саҳм мегиранд.
Ёдовар мешавем, ахиран Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эълон кард, ки дар давоми ҳашт рӯзи ахир 61 ҷангҷӯи толибонро кушта, 42 тани дигар аз аъзои ин гурӯҳро захмӣ кардаанд.
Сухангӯи ҷабҳа Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ дар саҳифааш дар "Facebook" навиштааст, ки толибон дар пайи амалиёти вижа алайҳи ин гурӯҳ дар 16 вилоят - Бағлон, Панҷшер, Кобул, Каписо, Самангон, Тахор, Парвон, Бодғис, Лағмон, Балх, Форёб, Ғазнӣ, Ғур, Ҳирот, Нангархор ва Кунар талафот додаанд.
"Душман аз ҳама бештар дар вилоятҳои Кобул, Каписо, Бағлон ва Панҷшер ба талафот дучор шуд. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ин амалиётро ба тавре моҳирона роҳандозӣ намуд, ки ҳеҷ касе аз аҳолии осоишта осеб надид. Дар ин амалиёт ду сарбози ҷасури мо ҳалок ва боз се нафар захмӣ шуданд”, - омадааст дар хабарнома.
Афганское движение сопротивления в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Моҳирона ва бе осеби мулкиён: ҷабҳа 61 толибро дар 16 вилояти Афғонистон нобуд кард
Ӯ афзуда, ки ҷабҳа амалиёти худро то комилан аз ҳукмронии толибон озод кардани Афғонистон идома медиҳад.
Қаблан намояндагони ҷабҳа изҳор дошта буданд, ки он ҳузури худро дар Афғонистон густариш карда, ҳарчи бештар вилоятҳо дар кишвар ба нерӯҳои муқовимат ҳамроҳ мешаванд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала