Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳӣ бо пешниҳоди президенту ҷонибдории парлумон

© Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ТоҷикистонРустами Эмомалӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳодҳои раисҷумҳурро барои таъйину бозхонди додрасҳо дар додгоҳҳои олии кишвар тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Палатаи болоии парлумон ба се додрас дар додгоҳҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва олӣ мақом дода, барканории бархеи дигарро тасвиб намуд.
Бар асоси пешниҳоди президенту тасвиби парлумон, Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа додраси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон интихоб гардид.
Хушмаҳмадзода Алифмо судяи Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ шуд. Пешниҳоди таъйиноти Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад низ ба мақоми судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон қабул шуд.
Инчунин Салимзода Юсуф Сафар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии кор дар мақоми судя аз додрасии Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ бозхонд гардид. Темурзода Шамсиддин Сафар бинобар вафоташ аз мақоми додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ бозхонд шудааст.
Тақдими медали Хизмати шоиста ба Эраҷ Ширинзода дар соли 2019 аз ҷониби раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Иҷозати парлумон барои ҳабсу ҷавобгарии ҷиноии Эраҷ Ширинзода
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармоне Шарифзода Азизҷон Шарифро аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод кард.
"Шарифзода Азизҷон Шариф бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод карда шавад", - омадааст дар фармони раисиҷумҳур. Тафсилоти кирдори Шарифзода зикр нашудаанд.
Маврид ба зикр аст, қаблан президент супориш дода буд, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва омӯзиши фаъолияти ҳар як корманди соҳа сафи мақомоти судӣ ва прокуратура, ки шохаҳои муҳими давлатдорӣ мебошанд, аз шахсони тасодуфӣ тоза карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала