"Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад": Татяна Тарасова дар шифохона бистарӣ шудааст

© Sputnik / Александр Вильф / Гузаштан ба хазинаи аксТатьяна Тарасова, фигурное катание. V этап Гран-при. Тренировки
Татьяна Тарасова, фигурное катание. V этап Гран-при. Тренировки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Мураббии хидматнишондодаи Русия ва сардовари намоиши "Даври яхбандӣ" - "Ледниковий период" дар беморхона бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Татяна Тарасова, мураббии хидматнишондодаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия дар риштаи рақси болои ях як ҳафта боз дар шифохона мебошад.
Ин иттилоъро сароянда Филипп Киркоров тасдиқ кардааст.

"Вай воқеан дар шифохона мебошад. Дуогӯ бошед. Худо хоҳад ҳамааш хуб мешавад", - изҳор доштааст Киркоров.

Ба иттилои расонаҳо, Тарасоваи 74-сола қаблан аз сиҳҳатияш шикоят кардааст. Моҳи декабр мураббии шинохта дучори фишорбаландӣ, дарди қафаси сина ва хастагӣ шудааст.
Табибони ёрии таъҷилии даъватшуда дар хона ба ӯ кумак расонда, барояш табобати хонагӣ таъйин намудаанд. Ба далели вазъи саломатӣ Тарасова дар барномаи охири намоиши "Даври яхбандӣ" иштирок накардаасту натавонистааст мусобиқаи "Гран-при" - и Сочиро шореҳӣ кунад.
Пандемия коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Навъи нави коронавирус - "омикрон" се баробар бештар сироят мекунад
Дар Федератсияи рақси болои яхи Русия изҳор доштаанд, ки наметавонанд бо Тарасова дар тамос шаванд. Аммо худи мураббӣ ба "Спорт-Экспресс" дар шарҳи сиҳҳатияш изҳор доштааст, ки ҳамааш хуб аст.
"Ҳолам хуб аст. Ташаккур, ки нигарони ҳолам шудед", - изҳор доштааст ӯ.
Татяна Тарасова, духтари мураббии машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ Анатолий Тарасов мебошад, ки шуҳрати ҷаҳониро ба ҳайси мураббии рақси болои ях касб кардааст.
Таҳти роҳбарии Тарасова беш аз 40 барандаи мусобиқаи бузурги ҷаҳон, 7 чемпиони олимпӣ, 3 дорандаи медали нуқра ва як барандаи медали биринҷӣ тарбия ёфтаанд, ки рекорд ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала