Тоҷики Тилоӣ пас аз танаффуси чаҳорсола ба майдон бармегардад

© Фото : Фото из личного архива Сахиба УсароваТаджикский боксер Сахиб Усаров
Таджикский боксер Сахиб Усаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Обуна шудан
Соҳиб Усарови тоҷик дар доираи мусобиқаи "Shamo Boxing Promotions 66" бо варзишгари ӯзбек мубориза мекунад
ДУШАНБЕ, 17 дек – Sputnik. Муштзани тоҷик Соҳиб Усаров қувваозмоии нав баргузор мекунад.
Ӯ дар мусобиқаи "Shamo Boxing Promotions 66", ки дар маҷмааи варзишии “Крыля Советов”- и Маскав баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Баргузории мусобиқа 19 декабр гуфта шудааст.
Усаров бар зидди варзишгари узбек Бахит Абдураҳимов ба майдон мебарояд.
Қобили зикр аст, ки Соҳиб Усаров, мулаққаб ба Тоҷики Тилоӣ пас аз танаффуси чаҳорсола вориди мубориза мешавад.
Усаров панҷуми декабри соли 1983 дар Конибодом таваллуд шудааст.
Декабри пурмуҳориба: размкору муштзанҳои тоҷик бо кӣ мубориза мебаранд?
Ӯ муштзани касбии Русияву Тоҷикистон, дорои унвони устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ мебошад.
Усаров дар вазни дуюми сабук баромад мекунад. Қаблан ӯ унвони қаҳрамони Аврупо аз рӯи WBO (2009), қаҳрамони байниқитъавӣ аз рӯи WBO (2012) гардида буд.
Номбурда фаъолияти худро ҳамчун муштзани ҳирфаӣ соли 2006, дар синни 22-солагӣ оғоз кардааст. Дар маҷмуъ дар тӯли фаъолияташ вай дар 22 набард (8-тоашр бо нокаут) пирӯз шудааст.
Терминатори тоҷик дар се дақиқа ғалаба ба даст овард: навори нокаут
Варзишкор барандаи Ҷоми Чин (2004), қаҳрамони секаратаи Маскав, қаҳрамони дукаратаи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, чаҳоркарата пирӯзи Ҷоми Маскав, ғолиби дукаратаи мусобиқоти Бародарон Кличко дар гурӯҳи "А" мебошад.
Чоруми феврали соли 2012 дар Ню Йорк Усаров қаҳрамони олимпии (2004) ва қаҳрамони ҷаҳон (2001) - варзишкори кубагӣ Ян Бартелемиро шикаст дод ва ба ин васила дар вазни сабуктарин камарбанди WBO "Inter-Continental"-ро ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0