Дар Тоҷикистон бештар аз нақшаи пешбинишуда ба буҷа маблағ ворид кардаанд

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон 5,3 фоиз бештар иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Қисми даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи соли 2021 барзиёд иҷро шудааст.
Вазорати молияи ҷумҳурӣ гуфтааст, ки ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ барои моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 26 миллиарду 253,5 миллион сомонӣ (беш аз 2 миллиарду 323,3 миллион доллар)-ро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ин маблағ нисбат ба нақша 5,3 фоиз зиёд аст.
Зимнан ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ аз моҳи январ то октябри соли 2021 ба 23 миллиарду 291 миллион сомонӣ (беш аз 2 миллиарду 61 миллион доллар) баробар шудааст.
Ин арқом аз 104,8 фоиз иҷро шудани нақшаи пешбинишуда шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тавр қисми даромади буҷаи давлатӣ бештар аз 5,6 фоиз барзиёд иҷро гардидааст.
Эмомали Рахмон принял участие во внеочередной сессии Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Раҳмон Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2022-ро имзо кард: маблағ ба куҷо меравад
Бахши хароҷоти буҷаи давлатӣ тайи моҳҳои январ-октябр ба беш аз 22,7 миллиард сомонӣ (беш аз 2 миллиард доллар) баробар шудааст. Фоизи иҷрои қисми хароҷоти буҷа 75,6 фоиз гуфта мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми умумии буҷаи давлатии кишвар барои соли равон аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 27,6 миллиард сомонӣ (2,4 миллиард доллар) муқаррар шудааст.
Ёдовар мешавем, авохири моҳи ноябри соли ҷорӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2022-ро имзо кард.
Соли оянда мақомоти Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ки тақрибан нисфи буҷаи давлатро ихтисос медиҳанд, афзалият хоҳанд дод.
Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди бахши иҷтимоӣ 14,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф 6,3 миллиард сомонӣ ва барои соҳаи тандурустӣ беш аз 2,9 миллиард сомонӣ ҷудо карданист.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала