Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир хостори ҳамоҳангии СММ шуд

Ҳабибулло Воҳидзода Директор АКН РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир ҳамоҳангсозӣ пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳабибулло Воҳидзода, раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи минтақавии Раёсати СММ дар бораи маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар шаҳри Маскав гуфтааст, ки Тоҷикистон хостори ҳамоҳангсозии фаъолият барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир аст.
Тибқи иттилои, дафтари матбуотии агентӣ, Ҳабибулло Воҳидзода ба дастоварду мушкилот дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ, хатари паҳншавии маводи мухаддири синтетикӣ ва психотропӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон ишора карда, аз Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) СММ-ву дигар кишварҳо пешниҳод кард, ки фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро барои пешгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир ҳамоҳанг созанд.
Поле опийного мака. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон афзудааст: толибон мегӯянд, маҳдудият ҷорӣ карданд
“Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки хатари воқеии нашъамандӣ ба саломатии аҳолӣ ва генофонди миллат дар баробари пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тамоми тадбирҳои заруриро дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии нашъамандон меандешад”, - зикр кард мансабдори тоҷик.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ҷаласаи мазкур дастовардҳои асосии Барномаи минтақавии UNODC барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар марҳилаи II ва шарҳи афзалияти асосии стратегӣ оид ба марҳилаи III барномаи мазкур барои соли 2022, баррасии талошҳо барои кафолати тавонмандии минтақавии мубориза бо маводи нашъадор ва ҳамкорӣ бо Барномаи минтақавии UNODC барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, изҳороти кишварҳои маблағгузор ва шарикони барномаи минтақаӣ, оғози расмии марҳилаи сеюми Барномаи минтақавии UNODC барои солҳои (2022-2025) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала