Боздиди раҳбари Роспотребнадзор аз озмоишгоҳҳои Душанбе - акс

© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикстонБоздиди Анна Попова аз озмоишгоҳҳои Душанбе
Боздиди Анна Попова аз озмоишгоҳҳои Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Раҳбари Роспотребнадзори Русия аз ду озмоишгоҳи шаҳри Душанбе боздид кард
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Анна Попова аз озмоишгоҳҳои Душанбе боздид кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Анна Попова аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ ва Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ дидан карда бо фаъолияти онҳо ошно шудааст.
© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикстонБоздиди Анна Попова аз озмоишгоҳҳои Душанбе
Боздиди Анна Попова аз озмоишгоҳҳои Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Боздиди Анна Попова аз озмоишгоҳҳои Душанбе
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки озмоишгоҳҳои мазкур бо навтарин таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ ва Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ, ташхисҳои гуногун бо сифати баланд гузаронида мешаванд.
Анна Попова - раҳбари Рспотребнадзор дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Мулоқоти сарвазири Тоҷикистон бо раҳбари "Роспотребнадзор": аз чӣ гуфтанд?
Ёдрас мешавем, ки раҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор) Анна Попова ofvxeyby бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дидору мулоқот кард.

Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон

Бояд гуфт, наздик ба як моҳ мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус қайд нашудааст.
Дар маҷмуъ, аз оғози ҳамагирӣ то кунун дар кишвар 17095 нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16966 шифо ёфта ва 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидааст.
Феълан ҷаҳон аз паҳншавии штамми нави коронавирус - омикрон дар изтироб аст. Ба гуфти коршиносон ин навъи вирус нисбат ба штамми делта 70 баробар зудтар паҳн мешавад.
Ҳушдори Расулзода аз паҳншавии омикрон ва дастур барои пурзӯр кардани тадобир
Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то ҳол аз роҳ ёфтани штамми омикрон ба Тоҷикистон хабар надодаанд.
Омикрон ҳамакнун дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон паҳн шудааст ва инро Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт боиси нигаронии зиёд медонад.
Раҳбари ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ин росто нишаст баргузор кард ва ба масъулини соҳа барои пешгирии паҳншавии омикрон дар Тоҷикистон супоришҳо дод.
Расулзода таъкид кард, ки танҳо бо роҳи гузаронидани ваксина ва риояи тавсияи мутахассисони соҳи тиб имкони пешгирии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала