Президентҳо дар майдон: ин бор Ҷабборов 9 гол заду беҳтарин "бомбардир" шуд - видео

© Facebook / пресс-секретарь президента Казахстана Берик УалиВстреча президентов стран Центральной Азии в неформальной обстановке на берегу Каспийского моря
Встреча президентов стран Центральной Азии в неформальной обстановке на берегу Каспийского моря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Обуна шудан
Пештар президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба майдони футбол ворида шуда буд ва ҳарифонашро "голборон" карда буд
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба дарвозаи ҳарифон 9 гол ворид кард ва нишонзани беҳтарини сабқат дониста шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Дар ин мусобиқа шаш даста: дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, собиқадорони футболи кишвар, васоити ахбори омма, намояндагони федератсияҳои варзишӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва фарҳангиён ширкат доштанд.
Мусобиқа аз ду марҳила иборат буд: марҳилаи пешакӣ - ҳар як даста ду бозӣ ва финалӣ - дар доираи он ҷойҳои ниҳоӣ муайян карда шуданд.
Содир Ҷабборов капитани дастаи дастгоҳи президентӣ буд. Дар анҷоми мусобиқот ӯ ба дарвозаи рақибон 9 гол зада, нишонзани беҳтарин дониста шуд.
Дастаи ходимони маданият соҳиби кубоки асосй гардиданд. Ҷойи дуюм насиби собиқадорони футбол ва ҷойи сеюм насиби намояндагони дастгоҳи президент гардид.
Фонди ҷоизаи мусобиқа 1 миллион сумро ташкил дода, ғолибон тасмим гирифтанд, ки ин маблағро ба мактаб-интернати кӯдакони ятими шаҳри Токмок гузаронанд.
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Омодагии Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев ба футболбозӣ - видео
Президент ғолибонро табрик гуфта, ваъда дод, ки дар моҳҳои май ва декабр чунин мусобиқаҳо баргузор мешаванд.
Ин сабқат ба 100 - солагии футболи Қирғизистон бахшида шуд. Мақсади ширкати президент ва мақомдорон дар чунин мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим гуфта мешавад.
Голи “роналдовор”-и президент олами футболро ба ҳайрат меорад – видео
Пештар президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба майдони футбол ворида шуда буд ва ҳарифонашро "голборон" карда буд.
Лентаи хабарҳо
0