Песков дар бораи вориси Путин сухан гуфт: Интиқоли қудрат намешавад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Обуна шудан
Котиби матбуотии раисҷумҳури Русия ишора кард, ки шояд Владимир Путин ба ҷояш номзад дошта бошад, аммо афзуд, ки тасмими ниҳоӣ аз шаҳрвандони кишвар хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Президенти Русия ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки ӯ дар интихоботи соли 2024 ширкат хоҳад кард ё на, гуфт котиби матбуотии раисҷумҳур Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо RTVI.
Вай ҳамчунин аз имконнопазирии ҳич як аз форматҳои интиқоли қудрат хабар дод.

"Албатта, фарде барои президент бартарӣ хоҳад дошт ва ба эҳтимоли зиёд инро ба касе тавсия хоҳад кард", - гуфт сухангӯи Кремл.

Песков афзуд, худи Путин дар ин бора хабар хоҳад дод, аммо бояд дарк кард, ки курсии раёсатҷумҳурии Русияро танҳо касе ишғол мекунад, ки русҳо ба ӯ раъй медиҳанд.
Сиёсатмадор инчунин дар бораи таъсири авомили хориҷӣ ба интихоботи Русия изҳори назар кард.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Мишустинро вориси Путин гуфтанд: Ба президент ҳам мақбул аст
Вай қайд кард, ки Ғарб "Путинро чандон дӯст намедорад" ва мехоҳад, ки Русия президенти дигар дошта бошад.
"То Русия президенте дошта бошад, ки дар бораи хатҳои сурх ҳарф назанад, <...> аз кори расонаҳои аз хориҷ маблағгузоришаванда чашм пӯшад, <...> парадҳои ҳамҷинсгароёнро иҷозат диҳад, ки қаламрави Русияро талаю тороҷ кунанд < ...> ба мушакҳои ҳастаӣ чашм пӯшад", - гуфт Песков.
Песков бидуни тардид дар баёния гуфт, ки дар хориҷа дар мухолифат бо Путин омодаанд, аз ҳама гуна иқдом кор бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0