Аз Раҳнамо то Зарафшонфар: вазорати фарҳанг "Китоби сол - 2021" - ро ҷамъбаст кард

© PixabayКнига, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Китоби сол - 2021" - ро дар як шароити мутантан ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Маросим 17 декабр дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки ҳайати ҳакамон, иштирокдорон ва ғолибони озмун, шоирону нависандагон ва алоқамандони китоб баргузор шуд.
Раҳмоналӣ Шералиев, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорати фарҳанг ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, озмун аз рӯи шаш номинатсия баргузор шуда, 41 довталаб китобҳои худро барои иштирок дар он пешниҳод карданд.
“Китобҳои ба озмун пешниҳодгардида аз лиҳози сифати чоп, жанри бадеӣ ва тартиби ҳуҷҷатнигорӣ ба талаботи шартҳои озмун мувофиқат карда, ба талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ" ҷавобгӯ буданд”, - гуфт Раҳмоналӣ Шералиев.
Озмуни “Китоби сол-2021” бо ибтикори вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз рӯи номинатсияҳои китобҳои назм, наср, публисистӣ, назми бачагона, насри бачагона ва тарҷумаи адабӣ ду моҳи қабл эълон шуда, натиҷагириро ҳайати 6-нафараи ҳакамон таҳти раҳбарии Абдураҳмон Абдуманонов анҷом дод.
Ба ҳамин минвол, барандагони "Китоби сол - 2021” мутаносибан ҷойҳои аввалу дуввум ва сеюм дар номинаи китоби назм - Беҳрӯзи Забеҳулло “Сипоҳи сухан”, Гурез Сафар “Дидаи дард”, Раънои Хуршед “Нотаи сабз” мебошанд.
Дар номинаи китоби наср Дилвари Мирзо “Кайфар”, Сайдаҳамади Зардон, Хушқадам Холиқов “Кӯҳи оҳан”, Холиқназар Ҷумъазода “Биё, ки фолат бинам”, ва дар номинаи асарҳои публисистӣ таълифи дастаҷамъӣ, таҳия ва пешниҳоди рӯзномаи “Ҷумҳурият” “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ”, Абдуллоҳи Раҳнамо “Дидгоҳи давлатмеҳвар”, Ҷаъфар Ранҷбар “Тоҷикистони дирӯзу имрӯз” беҳтарин дониста шуд.
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Касе "шоҳҷоиза" нагирифт: эълони ғолибони "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"
Дар номинаи асарҳои назми бачагона Низом Қосим “Чӯҷа, ҷӯча ва хӯҷа”, Маҳбуба Неъматова “Одоб ҳусни инсон аст”, Нуруллои Ориф “Барбоси ман”, дар номинаи асарҳои насри бачагона Сафияи Носир “Ситорачаи даруни себ”, Баҳром Фирӯз “Бобо” (ба забони русӣ), Дурдонаи Зафар “Дӯстӣ бузург”(ба забони англисӣ) интихоб шуданд.
Номинаи асарҳои тарҷумаи бадеии Сайнуриддин Шаҳобиддинов “Қонуни тиб” (тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ), Салими Зарафшонфар “Се шоҳкор” - Луиҷи Пиранделло, “Шодравон Матиа Паскал”, Френсис Скотт “Гетсбии муаззам” ва Ҳерман Ҳессе “Гурги даштӣ”, Бурҳон Салмон, Элвира Султонова “Бруно Ясенский ва Тоҷикистон” (тарҷума аз русӣ ба тоҷикӣ) эълон шуданд.
Барои ҳар номинатсия дипломҳои дараҷаҳои аввалу дуввуму саввум ва мутаносибан барои ҷойҳо 1500, 1000 ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала