Таҳқиқи ҳодисаи қаллобӣ: маблағи ҳангуфт гирифту замин надод

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон се ҳодисаи қаллобиро таҳқиқ дорад, ки бо гирифтани маблағи ҳангуфт вобаста аст
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба Вазорати умури дохила аз ҳодисаҳои қаллобӣ шикоят кардаанд.
Ҳодисаи аавал дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рух додааст, ки дар паи он қаллоб маблағи ҳангуфт гирифтаву замин ваъад кардааст, вале ба ваъдааш вафо накардааст.
Ҳамин тавр, тибқи гузориши ВКД, ба ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки моҳҳои август ва сентябри соли 2018 марди 39-солаи сокини ҳамонҷо, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ якчанд марҳила 114 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ӯ ваъда додааст, ки бар ивази ин маблағ қитъаи замин медиҳад, вале , то ҳол ба ӯ қитъаи замин надода, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ювелирные украшения на выставке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Таҳқиқи ду ҳолати қаллобӣ зимни додугирифти ҷавоҳир ба маблағи қариб 700 ҳазор сомонӣ
Манбаъ афзуда, ки баъди талаби чандинкаратаи ҷабрдида, номбурда аз ин маблағ 32 ҳазор сомониашро баргардонидаасту халос.
Гуфта мешавад, ки ин мард пеш бо моддаҳои 247, 314 ва 323 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.
Ҳодисаи дигари қаллобӣ дар шаҳри Душанбе рух додааст.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 29-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки аввалҳои моҳи сентябри соли 2021, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-и мазкур марди 46-солаи сокини пойтахт низ аз қаллобӣ шикоят кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки моҳи декабри соли 2020 марди 39-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 161 ҳазору 738 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд ин ҳодисот таҳқиқ мешавад ва нисбат ба ҳолатҳои зикргардида тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала