Дар Чин як қисми шоҳроҳ фурӯ рехт - видео

© AP / XINHUA, Xu Yu Мост в Китае, архивное фото
Мост в Китае, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Обуна шудан
Дар музофоти Ҳубейи Чин қитъаи нимкилометрии шоҳроҳ, ки дар болои сутуни бетонӣ қарор дошт, фурӯ рехт
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бар асари фурӯрезии як қисми шоҳроҳ дар вилояти Ҳубей чаҳор нафар ба ҳалокат расиду ҳашт нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуд.
Ҳоло мақомоти маҳаллӣ сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ин ҳодиса дар шаҳри Эчжоу рух додааст, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба Телевизиони марказии Чин.
То ҳол бо сабабҳои номаълум қисмати 500-метрии пуле, ки дар болои сутунҳои оҳану бетонӣ қарор дошт, қариб 90 дараҷа гардиш карда, афтод ва шоҳроҳи дигареро, ки дар зери он ҷойгир аст, бастааст.
Дар натиҷаи садама се мошини боркаш аз купрӯк сарозер шуд. Ҳамчунин ҳангоми фурӯпошии он як мошини мусофирбар, ки лаҳзаи садама аз зери пул мегузашт, зери овор монд.
Обрушение моста в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Мӯъҷиза: дар Русия кӯпрук сарозер шуду ронанда зинда монд
Манбаъ меафзояд, ҳоло корҳои рафъи оқибатҳои ҳодиса идома дошта, сабабҳои он таҳқиқ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0