Муҳиб: Халилзод дасти толибонро гирифта, онҳоро ба Кобул овард

© Сафҳати Твиттерии МуҳибҲамдулло Муҳиб, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон
Ҳамдулло Муҳиб, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, ҳукумати қаблӣ мавзуи хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистонро ҷиддӣ нагирифт ва афзуд: "Залмай Халилзод, намояндаи собиқи Амрико дар Афғонистон иллати аслии суқути Кобул буд".
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ҳамдулло Муҳиб, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон дар мусоҳиба бо як расонаи амрикоӣ гуфтааст, тасмими оқои Ғанӣ барои тарки кишвар “сад дарсад” ба нафъи Афғонистон аст.
Вай таъкид кард, ки барои боздоштани хунрезӣ ӯ тасмим гирифт, Кобулро тарк намояд.

Муҳиб аз Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико дар умури сулҳ дар Афғонистон интиқод карда гуфт: "Халилзод аз дасти толибон гирифт ва онҳоро ба Кобул овард."

Ӯ дар робита ба далели хуруҷи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон дар ин мусоҳиба гуфт, ҳам мақомоти давлатии Афғонистон ва ҳам хадамоти кашфи Амрико маълумот доранд, ки толибон бо дастури хадамоти кашфи низомии Покистон (ISI) тасмим гирифта буданд, баъди ба Кобул омадан Ғаниро "эъдом" кунанд.
Ба гуфтаи Муҳиб, суқути Афғонистон пас аз имзои созишномаи Доҳа оғоз шуд.
Ин изҳороти Муҳиб, ки худ бо Ғанӣ фирор кард, ба вокуншиҳои бархе чеҳраҳои матраҳи Афғонистон дучор шуд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Ҳомид Карзай: Толибонро ман ба Кобул даъват кардам
Сайидҳусейн Алими Балхӣ, вазири пешини муҳоҷират дар Афғонистон гуфт, ҳукумати Ашраф Ғанӣ гунаҳкор аст, зеро ҳукумати фарогир ташкил накард, дороиҳо ва таҳримҳои иқтисодӣ боиси фақри густурда дар Афғонистон шуд.
Сайидҳусейн Алими Балхӣ, вазири пешини муҳоҷират дар Афғонистон гуфт, ҳукумати Ашраф Ғанӣ гунаҳкор аст, зеро ҳукумати фарогир ташкил накард ва таҳримҳои иқтисодӣ боиси фақри густурда дар Афғонистон шуд.
Ҷаъфар Маҳдавӣ, вакили собиқи порлумони Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти Ҳамдуллоҳи Муҳиб гуфт, ҳукумати собиқи Афғонистон ба ҷуз вобастагии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хазинавии мардум чизе ба даст наовардааст ва имрӯз умед доранд, ки бори дигар сарнавишти мардумро ба даст бигирад.
Министр Обороны Афганистана Бисмилла Мухаммади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Ривояти Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ аз рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ: Матинбек моро фиреб дод
Сухангӯи Пентагон дар посух ба изҳороти мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон гуфт, имзои тавофуқномаи Доҳа миёни Амрико ва толибон ба муттаҳидони Амрико, афғонҳо ва ҳукумати Афғонистон як огоҳии амиқе буд, ки ИМА аз ин кишвар хориҷ мешавад.
Аммо сухангӯи Пентагон эътироф кард, ки имзои созишномаи Доҳа ва хуруҷи Амрико ба рӯҳияи нерӯҳои амниятии Афғонистон асар гузоштааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала