Борон меборад: Пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

Осенняя непогода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борон дар назар аст. Дар қисми шарқии ВМКБ то 33 дараҷа ҳаво сард мешавад
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар ВМКБ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар ғарби ин вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 20-25, дар баъзе минтақаҳо то 28-33 дараҷа ва рӯзона 2-7 дараҷа сардӣ пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғд тағйирёбанда арзёбӣ намуда, зикр намудааст, ки дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда дар баъзе ҳолатҳо боришоти сусти борон, дар базе ноҳияҳо кӯҳӣ боришоти борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6, рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳия тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук, рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала