Панҷ роҳе, ки кори мағзи сарро беҳтар мекунад

© Фото : PixabayМозг
Мозг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Обуна шудан
Чунин мешавад, ки инсон худро хаста, заиф ва хоболуд ҳис мекунад, вале истироҳат карда наметавонад. Пизишк панҷ роҳи содаи беҳтар кардани кори мағзи сарро номбар кард
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Асабшинос Валерий Куваев ба портали "Доктор Питер" дар бораи панҷ роҳи зуди тавонбахшӣ ва "эҳё"-и кори мағзи сар иттилоотеро ироа кардааст.
Ба қавли ӯ, ҳама ҳамаи доруҳое, ки барои тавонбахшии кори мағзи сар мавҷуданд, таъсири кӯтоҳмуддат доранд ва беҳтар аст, ки аз онҳо сӯистифода нашавад.
"Мағзи сар аз рӯи қобилияти худ кор мекунад. Муҳим аз ҳама набояд ба кори он халал расонд. Бояд бештар истироҳат кард. Хоби солим, ғизои муфид ва сари вақт табобат кардани бемориҳо ниҳоят муҳим аст", - мегӯяд Куваев.
Работа за компьютером. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Мағзи сар метавонад бармаҳал пир шавад: пизишки рус роҳи пешгирияшро гуфт
Валерий Куваев панҷ роҳи зид фаъол кардани мағзи сарро номбард кард:
Нӯшидани қаҳва ё чой. Инҳо баъзе аз маъмултарин стимуляторҳо мебошанд, аммо ҳар як пиёлае, ки инсон дар як рӯз менӯшад, таъсири камтар ва камтар хоҳад дошт. Инчунин хатари аз ҳад зиёд истеъмол кардан вуҷуд дорад, миқдори аз ҳад зиёди кофеин метавонад изтироб, сустии диққат ва хобро ба вуҷуд орад. Махсусан онҳое, ки аз мушкилоти меъда ва бемориҳои дилу раг азоб мекашанд, бояд эҳтиёт бошанд.
10-20 дақиқа хоб рафтан. Агар хаста ва хоболуд бошед, хоби кӯтоҳ метавонад кӯмак кунад. Он ба хоби шаб таъсир намерасонад.
Хунукӣ. Сармо ба рӯҳбаландӣ мусоидат мекунад.
Бӯидани хушбӯӣ. Масалан, бӯи қаҳва, дорчин, занҷабил метавонад инсонро каме рӯҳбаланд кунад.
Машқи кӯтоҳмуддат кунед.
Чанде пеш олимони ҷопонӣ муайян намуда буданд, ки кори мағзи сарро метавон дар муддати 10 дақиқа хуб кард. Ба гуфтаи мутахассисони донишгоҳи Сукуба, давидан бо суръати паст кори мағзи сарро хуб мекунад.
Лентаи хабарҳо
0