Расонаҳо: Қурбониёни сӯхтор дар Пушкино, модару кӯдак аз Тоҷикистон мебошанд

© PixabayОгонь
Огонь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Мақомоти тафтишотии вилояти Маскав марги зану кӯдакро дар сӯхтор дар шаҳри Ивантеевкаи ҳавзаи Пушкино тасдиқ карда, изҳор доштанд, ки феълан таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Раёсати тафтишотии вилояти Маскав иттилоъ дод, ки тақрибан 3:00-и шаби якшанбе зимни хомӯш кардани сӯхтори яке аз хонаҳои шахсӣ ҷасади зану кӯдак пайдо шудааст.
Ба иттилои манбаъ, писарчаи фавтида 7 сол дошта, духтарчаи шашсолаи дигар низ бо ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Таъкид шудааст, ки тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо мебошад. Тақҳиқи ҳодиса идома дорад. Мақомот дар бораи шахси қурбониён иттилоъ надодаанд, аммо расонаҳо менависанд, ки онҳо зодагони Тоҷикистонанд.
Ба навиштаи МК, дар манзили истиқоматие, ки оташ гирифтааст, оилаи ду бародар аз Тоҷикистон зиндагӣ мекардааст.
Пожаре на Северной верфи в Петербурге  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Сӯхтори киштии нотамом дар Санкт-Петербург баъди 29 соат хомӯш шуд - видео
Ин нашрия навиштааст, ки нахуст моҳи августи соли 2019 як зодаи Тоҷикистон дар иттиҳодияи боғдории "Дружба" хонаи истиқоматии куҳнаеро харида, бо оилааш ба он ҷо кӯчид. Баъдан бародари калонияш, марди 40-сола низ бо хонаводааш ба наздаш омадаасту дар ошёнаи дуюми бино ҷой гирифтааст.
Манбаъ афзуд, ки маҳз дар ошёнаи дуюм, ки дастгоҳи гармкунандаи об он ҷо будааст, сӯхтор ба вуқуъ омадааст. Ба навиштаи МК, вақте бародари калонӣ бӯи сӯхторро эҳсос мекунаду оташро мебинад, бародари хурдиро ба кумак даъват мекунад. Бародари хурдӣ духтарчаи шашсоларо бо 20 дарсади бадани сӯхта берун мекашад, аммо вақте хостааст, барои наҷоти дигарон равад, оташ аллакай роҳи бозгашташро баста будааст.
Калони хонадон, ки худ низ аз қисмати сару дасту рӯй сӯхтааст, ба навиштаи расонаҳо, талош кардааст, аз тариқи тирезаи ошёнаи дуюм ҷигарбандонашро наҷот диҳад, аммо натавонистааст панҷараро шиканад ва оташ хеле зуд хонаро фаро гирифтааст.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дошта, ташхиси судӣ таъйин гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала