Собянин эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Маскавро шарҳ дод

© Sputnik / Alexey Maishev / Гузаштан ба хазинаи аксПрохожие на Никольской улице в Москве
Прохожие на Никольской улице в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Шаҳрдории Маскав мегӯяд, тадбирҳои шадидро дар назар надоранд ва сабукии маҳдудиятҳоро низ интизор набояд шуд
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дар бораи эҳтимоли роҳандозии маҳдудиятҳо дар рӯзҳои ҷашни Соли Нав изҳори назар кард, хабар дод шабакаи телевизионии "Россия 1".
"Ҳамон тавре зиндагӣ хоҳем кард, ки феълан дорем, дар доираи он маҳдудиятҳое, ки феълан ҷорӣ шудаанд. Албатта, агар чораҳои иловагӣ зарур оянд, мо пешакӣ ҳатман огоҳ хоҳем кард", - таъкид намудаст шаҳрдор.
Ба гуфтаи Собянин, дар Маскав тадбирҳои шадид танҳо замоне роҳандозӣ мешаванд, ки афзоиши танзимнашавандаи бемории коронавирус ҷой дошта бошад.
Шаҳрдорӣ қаблан низ ба роҳ мондани маҳдудиятҳои нав дар арафаи Соли Навро истисно карда, таъкид намуда буд, ки чунин амал дар нақша нест.
Директор института ГУ НИИ эпидемиологии и микробиологии имени Н.Ф. Гамалеи, академик РАМН, профессор Александр Гинцбург - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Гинсбург гуфт, озмоиши ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакон се моҳ вақт мегирад
Раиси пойтахт гуфт, метрои Маскав тамоми шаби ҷашни Соли Нави мелодӣ кор хоҳад кард.
Дар зимн таъкид шуд, ки сабукиҳоеро низ дар робита ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ интизор шудан даркор нест. Сокинону меҳмонони Маскав метавонанд дар кӯчаю гулгаштҳо сайр намоянд, аммо мақомдорон ҳеч чорабинии оммавӣ ва ё маъракаҳои махсуси солинавиро дар назар надоранд.
Шаҳрдори Маскав маслиҳат дод, ки сокинон Соли Нави мелодиро дар ҳалқаи дӯстону наздикон гузаронанд. Ин тавсияро махсус барои онҳое муҳим хонд, ки дар феҳрасти гурӯҳҳои осебпазир аз коронавирус қарор доранд. Амммо ҷазоҳои ҷаримавию маъмурӣ дар назар нестанд, таъкид намуд Собянин.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала