Сӯхтори киштии нотамом дар Санкт-Петербург баъди 29 соат хомӯш шуд - видео

Танҳо баъди 29 соат оташнишонҳо тавонистанд, сӯхтор дар корхонаи киштисозии "Северная верфь" дар Санкт-Петербургро хомӯш кунанд
Мақомот мегӯянд, дар хомӯш кардани сӯхтори ин киштӣ аз 170 оташнишон ва 42 адад техникаи махсус истифода шудааст.
Ба иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодда дар Санкт-Петербург, аз бартарафсозии сӯхтор ҳанӯз шаби 18-уми декабр гузориш дода шуд, аммо шабонарӯзи баъдӣ оташнишонҳо манбаъҳои алоҳидаи сӯхторро бартараф мекарданду харобаҳоро пок намуданд.
Таъкид шудааст, ки ҳаҷми хисорот ҳанӯз мушаххас нашудааст. Онро комиссияи махсус ҳисоб хоҳад кард.
Ҳалокати 40 нафар дар таркиши Гаитӣ – видео аз ҷои ҳодиса
Мақомоти тафтишотӣ барои нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми кор парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. Киштии оташгирифта дар марҳилаи сохтмон қарор дошт ва ният буд, ки онро охири соли 2022 ба нерӯҳои баҳрии Русия таҳвил диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки сӯхтори киштӣ шоми 17-уми декабр оғоз шуда, дараҷаи мушкилияш чор аз панҷ дараҷаи имконпазир арзёбӣ гардид. Майдони умумии сӯхтор 800 метри мураббаъро ташкил додааст.
Зимни сӯхторхомӯшкунӣ се нафар аз оташнишонҳо, яке бо захми пою ду нафари дигар бо ҷароҳати сӯхтагӣ бистарӣ гардиданд. Таъкид шудааст, ки аз миёни коргарони корхонаи киштисозӣ касе осеб надидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала