Вакил гуфт, чӣ гуна поруи чорво роҳҳои мумфарши Тоҷикистонро хароб мекунад

© Sputnik Амир ИсаевВыпас стада баранов близ Пенджикента
Выпас стада баранов близ Пенджикента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз мақомоти нақлиёти кишвар хост, идораи истифодаи роҳҳоро тавре роҳандозӣ намоянд, ки муҳлати хидматашон бештар шавад
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Усмонзода, ки роҳбарии Ҳизби демократии Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад, дар ҷаласаи ахири парлумон аз истифодаи чорводорон аз ин роҳҳо гуфт, ки онҳоро хароб мекунанд.
Вакил зимни баррасии бунёди роҳҳои нав дар ҳузури мақомдорони бахши нақлиёти ҷумҳурӣ тавзеҳ дод, ки чӣ гуна чорво муҳлати хидмати роҳҳои навбунёдро кам мекунад.
"Чун роҳ сохта шуд, ба хотири ба чарогоҳ бурдану овардани чорво аз он истифода мешавад. Вақте чорво аз роҳи мумфарш гузар кунад, аз худ пору боқӣ мегузорад, ки туршии он боиси вайроншавии мум мегардад", - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Усмонзода.
Намоиши чорвои зотӣ дар шаҳри Ваҳдат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Намоиши чорвои зотӣ: Вазорат гуфт, Тоҷикистон чанд гов, бузу гӯсфанд ва асп дорад
Ӯ таъкид намудааст, ки дар чунин ҳолатҳо роҳ ба ҷои 40 сол хизмат кардан дар 10 сол вайрон мешавад.
"Хуб мешуд, ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ механизми идоракунии роҳро дуруст танзим намояд, то муҳлати истифодаи он бештар гардад", - маслиҳат дод вакил.
Дар парлумон зикр шуд, дар Тоҷикистон корхонаи махсус фаъолият дорад, ки ба интиқоли чорво ба чарогоҳҳои тобистонаю зимистона машғул аст ва ҳатман ин нуктаро ба назар хоҳад гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала