Аз вазъи Афғонистон то сармоягузорӣ: Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳинд аз чӣ гуфт?

© Дафтари матбуоти ВКХ ТоҷикистонСироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин дар ин ҳамоиш дар шаҳри Деҳлӣ зарур хонд, ки аз иқтидори бузурги рушди иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақа ба таври самаранок истифода шавад.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Муҳриддин изҳор доштааст, ки Душанбе ба таҳкими бештари фаъолияти Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аҳамияти хос зоҳир менамояд.
"Дар ин замина мусоидат ба раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, нақлиётӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷиҳати тавсеаи иқтидор ва имкониятҳои содиротӣ таъкид гардид", - омадааст дар иттилоияи ВУХ.
Таъкид шуд, ки масъалаи Афғонистон аз мавзуъҳои меҳварии дигари суҳбати вазирон будааст.
Министр транспорта РТ Азим Иброхим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Воридоти техника аз Ҷопону Корея осон мешавад: вазир суди созишнома бо Покистонро гуфт
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои узви муколама перомуни равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ дар кишвар табодули андеша намуданд.
Инчунин Муҳриддин дар доираи ин сафар бо раиси Лок Сабҳа - палатаи поёнии парлумони Ҳиндустон Ом Бирла густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.
"Таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули ҳайатҳои расмӣ ҷиҳати баррасии мавзуъҳои авлавиятноки дуҷониба ва эътимоди мутақобилаи ду давлати бо ҳам дӯст амри зарурӣ мебошанд", - таъкид намудааст Ом Била.
Вазири тоҷик низ ҳамкориҳои бештари миёни парлумонҳои ду кишварро барои густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тиббӣ, афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимӣ ва табодули таҷриба муҳим хондааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала