Вазири тандурустӣ аз махсусияти гирифтории кӯдакон ба коронавирус гуфт

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксВрач-педиатр в больнице с ребенком
Врач-педиатр в больнице с ребенком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Вазири тандурустии Русия тавзеҳ дод, ки гирифтории кӯдакон ба коронавирус аз мубталошавии калонсолон ба ин беморӣ чӣ фарқ дорад
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия мегӯяд, кӯдакон бемории коронавирусро нисбатан осонтар паси сар мекунанд.
Мурашко зимни суҳбат аз тариқи шабакаи "Россия 1" таъкид намудааст, ки дар зимн ҳолатҳое низ мавҷуданд, ки кӯдакони гирифтори коронавирус дар ҳолати вазнин қарор мегиранд.
"Ҳозир мо барои озмоиши ваксинаи марбути кӯдакони аз 5 то 12-сола омодагӣ дорем. Мо дида истодаем, ки кӯдакон нисбатан сабук бемориро мегузаронанд, аммо ҳолатҳои вазнин низ дучор меоянд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Мурашко.
Табибон дар феҳрасти аломатҳои гирифтории кӯдакон ба коронавирус, аз доғҳо, дарди буғумҳо, илтиҳоби луобпардаҳо, дарди шикам, сулфа, ҳарорати баландро ном бурдаанд.
Пожилая женщина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пир мекунад: хатари мудҳиши коронавирус
Маврид ба зикр аст, ки Русия ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакони аз 12 то 17-соларо охири моҳи ноябри соли равон ба қайд гирифта буд.
Александр Гинсбург, мудири Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалея дар мавриди кӯдакони 12-сола гуфт, пажуҳиши ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакони 6-11-сола метавонад, ҳудуди се моҳ вақт гирад.
Ӯ иттилоъ дод, ки бастаи ҳуҷҷатҳо барои гузарондани озмоиши клинкии ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакони кӯдакони 6-11-сола аллакай ба мақомоти тандурустӣ пешниҳод гардидаанд.
"Умедворам, ки мутахассисони Вазорати тандурустӣ ин ҳуҷҷатҳоро на бештар аз як моҳ баррасӣ хоҳанд карду бо эродҳо ё бидуни онҳо ба мо иҷозат хоҳанд дод, ки озмоиши ваксина гузаронда шавад", - гуфт Гинсбург дар филми Ноили Аскарзода аз тариқи телевизион.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ таҳқиқоти ваксинаи кӯдакон метавонад се моҳ давом ёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала