Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон муайян шуданд: "Соро компания" медали тилло гирифт

© пресс-служба ФФТПайрав Вохидов, новый главным тренер национальной сборной Таджикистана по футзал
Пайрав Вохидов, новый главным тренер национальной сборной Таджикистана по футзал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон беҳтарин мураббӣ, довар, дарвозабон ва нишонзани Лигаи футзал муайян шуд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар толори "Istiklol Bar", воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории мусобиқаи футзал дар соли 2021 барпо гардид.
Котиботи Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, аз ҷониби Лигаи футзали федератсия беҳтаринҳои мавсим бо ҷоизаву медалҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҳамин тариқ унвони "Беҳтарин мураббии соли 2021" миёни дастаҳои ғайрикасбӣ насиби сармураббии дастаи "Амонатбонк" Шамшод Ниятбеков гардид. Ҷоизаи "Беҳтарин довари соли 2021"-ро Беҳрӯз Муртазоев аз худ кард.
Ёдовар мешавем, ин довари тоҷик маҳз соли 2021 вориди рӯйхати беҳтарин доварони футзали Конфедератсияи футболи Осиё гардид.
"Беҳтарин дарвозабони соли 2021" дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дарвозабони эронии дастаи "Соро компания"-и шаҳри Душанбе Ҳамдӣ Мустафоӣ эълон шуд.
"Беҳтарин нишонзани Лигаи касбии футзал" бозингари дастаи "Сипар"-и шаҳри Хуҷанд Парвиз Раҳматов шуд.
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Пирӯзии "Соро компания" бар "Сипар" - и Хуҷанд: анҷоми даври 8-уми Лигаи футзал
Унвони "Беҳтарин мураббии сол" насиби сармураббии дастаи "Соро компания"-и шаҳри Душанбе, мутахассиси шинохтаи кишвар Пайрав Воҳид гардид. Пайрав Воҳидов ҳамзамон сармураббии дастаи футзали мунтахаби Тоҷикистон низ мебошад.
Ҳайати бозигарон, ситоди мураббиён ва роҳбарияти дастаи "Пойтахт" бо медалҳои биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.
Дастаи мазкур пас аз мағлуб намудани дастаи "Истиқлол" соҳиби ин мақом шуд. Яке аз дастаҳои пурқуввати мамлакат - дастаи футзали "Сипар"-и шаҳри Хуҷанд бо нишонҳои нуқраи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон сарфароз гардид.
Ба чемпиони Тоҷикистон - ҳайати роҳбарикунанда, ситоди мураббиён, футзалбозон ва кормандони дастаи овозадори "Соро комапания"-и шаҳри Душанбе медалҳои тиллои Лигаи касбии футзал ва ҷоми кишвар тақдим шуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мазкур таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов соли 2021 ҳамчунин Суперҷом ва Ҷоми футзали Тоҷикистонро низ соҳиб гардид.
Лентаи хабарҳо
0