"Checkmate" - ҷангандаи Русия яке аз ихтирооти нодири соли 2021 дониста шуд

© Sputnik / Александр Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксАвиакосмический салон Dubai Airshow 2021
Авиакосмический салон Dubai Airshow 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Охирин дастовард дар соҳаи таҳияи ҳавопаймоҳо аз рӯи радабандии нашрияи бонуфузи амрикоӣ ба рӯйхати беҳтаринҳо дохил карда шуд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ҳавопаймои охирини насли панҷуми русии Су-75 "Checkmate", ки аз ҷониби бюрои конструктории "Сухой" таҳия шудааст, ба 10 дастоварди муҳимтарин дар соҳаи ҳавонавардии низомӣ барои соли 2021 ворид шуд.
Дар ин бора маҷаллаи амрикоии "Aviation Week & Space Technology" хабар медиҳад.
Нашрия парвози нахустини "ҳавопаймои бесарнишин" ва аввалин сӯхтгирии он дар ҳаворо аз қобилиятҳои муҳими ин ПАҲПОД гуфтааст.
Российский истребитель пятого поколения Су-75 Checkmate - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
“Dubai Airshow-2021”: Хусусиятҳои ҷолиби Су-75-и Русия
Дар муаррифӣ гуфта мешавад, ки парвози аввалини ин ҷанганда соли 2023 ва оғози истеҳсоли силсилавӣ дар соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Су-75 бори аввал дар намоишгоҳи ҳавоии MAKS-2021 муаррифӣ шуд. Ин ҷанганда бо номи "Чекмейт" бори аввал ба президенти Русия Владимир Путин нишон дода шуд.
Муаррифии байналмилалии ҳавопаймо дар "Dubai Airshow 2021" дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд.
Мутахассисони хориҷӣ аз суръат ва тӯли парвоз, падидории андаки радарӣ, қобилияти бесарнишинӣ ва рақобатпазирии он бо F-35-и амрикоӣ ба ҳайрат омаданд.
Хадамоти иктишофии ИМА ҳавопаймои ҷангии Русияро "Checkmate" номид.
Истребитель Су-35С, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Checkmate зидди F-35: халабон гуфт, дар набард ҷангандаҳои Русия пирӯз мешаванд ё аз ИМА
Ҳангоми таҳияи "Checkmate" аз технологияҳои пешрафтаи русӣ, аз ҷумла меъмории боз истифода шудааст, ки ба фармоишгар имкон медиҳад, модулҳои зарурӣ ва унсурҳои беназири зеҳни сунъиро интихоб кунанд.
Ҷангандаи русӣ, ба фарқ аз амрикоиҳо қодир аст, ки гардиши ҷангиро дар кунҷи ҳамлаи 50-дараҷаӣ анҷом диҳад. Ғайр аз он Су-75 метавонад ба якбора шаш ҳадафи ҳавоиро занад ва тақрибан 30-торо пайгирӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала