Муҳаққиқ гуфт, суқути ҳукумати толибон дур нест

© Sputnik / T.AZIMБывший советник президента Афганистана Мухаммад Мухакик
Бывший советник президента Афганистана Мухаммад Мухакик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон мегӯяд, афви умумӣ воқеӣ нест, террору фақр рӯз аз рӯз афзоиш меёбад ва аз ин рӯ таназзули ҳукумати толибон дур нест
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон дар паёми ахираш навишт, аз замони шуруи ҳукмронии толибон дар ин кишвар вазъ рӯз то рӯз бадтар мешавад. Агар ин ҳол идома ёбад, дар ниҳоят ҳукумати толибон суқут хоҳад кард.

"Анҷоми ҷангро, ки толибон иддао кардаанд, воқеӣ нест. Дар бисёре аз манотиқи кишвар куштор, таркиш ва ҷанг идома дорад", - гуфт ӯ.

Ӯ дар идома мегӯяд, бар хилофи авфи умумии эълонкардаи роҳбарияти толибон ҳазорон фармондеҳи собиқи ҳукумат, муҷоҳидин ва ҳатто раҳбарони деҳот овораю таъқиб ва ё аз хонаҳояшон рондаву шиканҷа ва кушта шудаанд.
Ба гуфтаи Муҳаққиқ, камбағалӣ ва бекорӣ вусъат ёфтааст. Аксари мардум имкони харидани нони худро надоранд ва баъзеҳо ҳатто барои ба даст овардани он фарзандони худро мефурӯшанд
Толибон ҳукумати фарогирро тавре таъриф мекунанд, ки ҳама мансабдорони баландпоя аз толибон ҳастанд, аммо ба таври рамзӣ намунаи афроди дигарро аз дигар қавмҳо илова мекунанд, то ба ҷаҳониён бигӯянд, ки мо миёни худ миллатҳои дигарро низ дорем, афзуд раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон.
Девочка между бетонными заграждениями в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
ЮНИСЕФ барои наҷоти Афғонистон ду миллиард доллар дархост кард
Як рӯз қабл нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Исломобод бо нашри баёнияе бар зарурати боз кардани як сандуқи молӣ барои кумак ба Афғонистон таъкид кард.
Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ аз буҳрони шадиди гуруснагӣ дар Афғонистон ҳушдор дода, афзуд, ки барои ба фалокат табдил шудани ин буҳрон ҳамагӣ як қадам боқӣ мондааст. Ин ташкилот бар зарурати кумак ба аҳолии Афғонистон таъкид карда, изҳор доштааст, ки дар сурати ироа нагаштани кумакҳо марг бар миллионҳо тан таҳдид хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол толибон ва бархе кишварҳои дигар бар дастрасӣ пайдо кардан ба дороиҳои Афғонистон, ки ИМА онро мунҷамид кардааст, таъкид мекунанд. Аммо ИМА барномае барои боз кардани он рӯи даст надорад.
Кохи Сафед ахиран гуфт, ба толибон бовар надорад ва роҳҳоеро меҷӯяд, ки кумакҳоро мустақиман ба мардум расонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала