Озмоиши бобарори ПАҲПОД-и "Орион"-и Русия дар Қрим

Обуна шудан
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Русия, аз навтарин ҳавопаймои бесарнишин бори аввал дар муқобили ҳавопаймои дигар истифода шудааст
Дар яке аз тамрингоҳҳои низомии Қрим ҳавопаймои бесарнишини зарбазани "Орион" озмуда шуд.
Видеои ин озмоишро Вазорати дифои Русия нашр кардааст.
Гуфта мешавад, навтарин ҳавопаймои бесарнишин бори аввал бар зидди як ҳавопаймои дигар истифода шудааст. "Орион" ҳадафи ҳавоиро бомуваффақият исобат кард.
Озмоиши муваффақи мушаки "Ҷавоб" дар баҳри Ҷопон - видео
Илова бар ин ҳавопаймо ба ҳадафҳои заминӣ чанд зарба зад.
Ёдовар мешавем, қаблан артиши Русия системаи зидди киштии зериобии "Ҷавоб"-ро озмоиш карда буд. Ин озмоиш дар обҳои баҳри Ҷопон сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0